Рустами Эмомалӣ, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар барои тамошои бозии тими миллии Тоҷикистон оид ба футбол бо мунтахаби Урдун, ки имрӯз, 2-юми феврали соли 2024, дар доираи марҳилаи чорякниҳоӣ баргузор мегардад, ба Қатар меравад. Дар ин бора телеграм-канали шаҳрдории пойтахт хабар медиҳад.
Бозии мазкур дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алии Давҳа, соати 14:30 ба вақти маҳаллӣ (соати 16:30 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.
Барои мухлисӣ аз тими миллии Тоҷикистон дар ин рақобат субҳи имрӯз беш аз 60 нафар сокинони шаҳри Хуҷанд бо дастгирии роҳбарияти вилоят ва шаҳр ба Қатар парвоз кардаанд. Дар ин бора Маъмури Юсуфзод, сухангӯи раиси шаҳри Хуҷанд дар саҳифаи фейсбуки худ иттилоъ дод.
Ҳамчунин, ба навиштаи ӯ, “имрӯз бо дастгирии ФФТ наздики 1000 нафар мухлисон аз гӯшаву канори кишвар ба Қатар бо 3 тайёра парвоз мекунанд”.
Ёдовар мешавем, ки дар даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Осиё мунтахаби Тоҷикистон бар тими Амороти Муттаҳидаи Араб (1:1 ва 5:3 аз рӯи пеналтӣ) ғолиб омад, тими Урдун бошад бар Ироқ (3:2) ғалаба кард.
Қобили зикр аст, ки тимҳои миллии Тоҷикистон ва Урдун дар мусобиқаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар як гурӯҳ бозӣ мекунанд. Дастаҳо 16-уми ноябр дар Душанбе бо ҳам вохӯрданд. Он вохӯрӣ мусовӣ — 1:1 анҷом ёфт.
Бояд гуфт, ки бозии дигари даври 1/4 ниҳоии Ҷоми Осиё вохӯрии Австралия ва Кореяи Ҷанубӣ рӯзи 2-юми феврал соати 20:30 оғоз мешавад.
Рӯзи 3-юми феврал дар ин марҳилаи мусобиқот Эрон - Ҷопон (16:30) ва Қатар - Ӯзбекистон (20:30) бозӣ мекунанд.
“Қариб дастонамро мешикастанд”. Ихроҷи донишҷӯи тоҷик аз Русия
Аз 63 сокини Тоҷикистон 1 нафар маъюб аст. Шумораи маъюбон чӣ қадар аст?
Анҷоми хусусигардонӣ? Бонки ҷаҳонӣ гуфт, хусусигардонии корхонаҳои давлатӣ ба кундӣ пеш меравад
Ҳалокати 20 нафар дар мавҷи дувуми таркиши дастгоҳҳои иртиботии "Ҳизбуллоҳ"
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Нишони зоҳиру ботин”
“Зада, миёнамро маъиб карданд”. Қиссаи муҳоҷирони тоҷики аз Русия ихроҷшуда
"Равшан" аз Ҳиндустон бо як имтиёз бармегардад
“Султони ишқу шаҳриёри шеър”. Ёде аз Шаҳриёр, шоири форсизабон, ки дар Тоҷикистон ҳам ҳаводор дорад
Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати ҷудои ҷаҳон байни наврасон маълум шуд
“Биёед чароғҳоро дубора фурӯзон кунем”. Чӣ яғнобиҳоро водор мекунад ба мулки падарии худ баргарданд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста