Мунтахаби миллии Тоҷикистон оид ба футзал таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар даври 1/4 ниҳоии Ҷоми Осиё тими миллии Афғонистонро бо ҳисоби 2:1 шикаст дода, бори нахуст ба даври ниманиҳонии ин мусобиқа роҳ ёфт ва соҳиби роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон гардид.
Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ки голҳоро дар бозӣ бо Афғонистон Ризо Ҳусейнпур дар дақиқаи 19 (ба дарвозаи худ) ва Файзалӣ Сардоров дар дақиқаи 47 ба самар расониданд. Голи ягонаи мунтахаби Афғонистонро бошад, дар дақиқаи 23 Фарзод Маҳмудӣ вориди дарвоза намуд.
Қаблан тими милии футзали Тоҷикистон дар гурӯҳи “С” мунтахаби Кореяи Ҷанубиро бо ҳисоби 2:0 шикаст дода, бо дастаҳои Қирғизистон ва Ҷопон бозиро мусовӣ - 2:2 ва 1:1 анҷом дод ва бо ишғоли зинаи аввал дар гуруҳ ба марҳилаи 1/4 ниҳоӣ баромада буд. Бозиҳои нимфиналӣ рӯзи 26 апрел ва вохӯрии финалӣ санаи 28 апрел баргузор мешаванд.
Бояд гуфт, ки тими Тоҷикистон дар таърихи худ бори 12-ум дар даври ниҳоии Ҷоми футзали Осиё ширкат меварзад.
Ҳамакнун, баъди ин ғалабаи таърихӣ, тими Тоҷикистон бори аввал дар таърихи худ, дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳон, ки аз 14-уми сентябр то 6-уми октябр дар Ӯзбекистон баргузор мегардад, иштирок хоҳад кард.




Аз кор озод кардани муҳоҷирон дар Русия осонтар мешавад. Он чӣ гуна кор мекунад?
Муҳоҷири тоҷик чӣ қадар бояд кор кунад, то дар Душанбе хона харад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 декабри соли 2025
Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста