Аз рӯйи арзиши гузариш (трансферӣ) дар минтақаи Осиёи Марказӣ, Достон Сатпаев, ҳамлагари 16-солаи тими “Кайрат”-и Олмотӣ ва мунтахаби наврасони Қазоқистон ба зинаи аввали радабандӣ аст.
Бино ба маълумоти нави портали "Transfermarkt", арзиши ин футболбози ҷавон аз 500 ҳазор то 1,8 млн евро боло рафтааст.
Ин на танҳо барои Қазоқистон, балки соҳаи футболи тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ нишондиҳандаи рекордӣ аст.
Ҳамлагари ҷавон аз зинаҳои аввали радабандии гузашта - дарвозабони мунтахаби Тоҷикистон Рустам Ятимов (“Ростов”-и Русия) ва футболбози Ӯзбекистон Абдувоҳид Неъматов (“Насаф”) пеш гузашт. Ин ду футболбоз ҳар кадоме 1,5 млн евро нарх доштанд.

Паҳлӯи онҳо як футболбози “Насаф” - нимҳимоятгар Акмал Мозговой қарор дорад, ки арзиши ӯ низ чанде пеш то 1,5 млн евро зиёд шудааст.

Гуфта мешавад, дар пасманзари ҳунарнамоии муваффақонаи ин бозингарон дар мусобиқаҳои Конфедератсияи футболи Осиё ва дар ҳайати тими мунтахаби Ӯзбекистон, арзиши онҳо метавонад боз баландтар шавад.
Дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон сарфи назар аз поинравии нарх то 500 ҳазор евро, гаронтарин футболбоз Алишер Ҷалилов аз “Истиқлол”-и Душанбе боқӣ мемонад. Дар ҳайати дастаи қаҳрамони кишвар ва мунтахабаи ҷумҳурӣ ӯ яке аз бозигарони калидӣ мебошад.

Гаронтарин футболбоз дар Қирғизистон ҳимоятгари дастаи “Абдиш-Ота” Христиан Браузман эътироф шудааст, ки 450 ҳазор евро нарх дорад.
Ин ягона намояндаи мусобиқоти қаҳрамонии Қирғизистон аст, ки ба рӯйхати "Transfermarkt" бо арзиши зиёда аз 400 ҳазор шомил гардидааст.

Дар Туркманистон якбора се нафар дар сатрҳои аввали рӯйхат қарор доранд, ки ҳар кадоме 200 ҳазор евро нархгузорӣ шудаанд: Салим Нурмуродов (“Олтин Асир”), Мекан Сафаров ва Олтимурод Аннадурдиев аз тими қаҳрамони ин кишвар - “Аркадаг”.

Қобили зикр аст, ки арзиши ҳамлагари тими “Тобол”-и Қазоқистон Ислом Чесноков низ аз 900 ҳазор то 1 млн евро боло рафтааст. Лекин ба ақидаи мухлисони маҳаллӣ, бо назардошти сатҳи ҳунарнамоии ӯ, ин нарх ҳоло кофӣ нест.




