Субҳи имрӯз ҷоизадорони Бозиҳои олипии Порис-2024 ба ватан баргаштанд. Баъди пешвози хешовандону наздикон ва мардуми кишвар варзишгарони тоҷикро Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар ва Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе ба ҳузур пазируфта, ба онҳо ҷоизаву мукофотпулиҳо тақдим карданд.
Ба ҳар як ҷоизадори Бозиҳои олимпӣ мукофоти давлатӣ - Ордени Шараф дараҷаи II, 200 ҳазор сомонӣ ҳамчун ҷоизаи раиси ҷумҳури кишвар, хонаи истиқоматӣ ва мошини муосири барқӣ тақдим гардид.
Ҳанӯз чанд рӯз қабл аз баргашти варзишгарони тоҷик расонаҳо хабар дода буданд, ки ба ҷоизадорони Бозиҳои тобистонаи олимпии Порис-2024 раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз 200 то 300 ҳазор сомонӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш аз 10 то 20 ҳазор доллар ва шаҳрдории Душанбе хонаи истиқоматӣ медиҳанд.
Гуфта мешавад, ки ин мукофот барои баланд бардоштани рӯҳияи варзишгарони тоҷик аст то дар Бозиҳои олимпӣ медал ба даст оранд.
Ёдрас мекунем, ки дар 33-юмин Бозиҳои тобистонаи олимпӣ аз Тоҷикистон 14 варзишгар иштирок карданд ва се нафари онҳо - Сомон Маҳмадбеков, Темур Раҳимов ва Давлат Болтаев соҳиби медали биринҷӣ шуданд.
Дар умум, варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ аз соли 1996 иштирок мекунанд ва то имрӯз 7 медал (1 тилло, 1 нуқра ва 5 биринҷӣ) ба даст овардаанд. Ягона медали тиллои варзишгарони тоҷик аз Бозиҳои тобистонаи олимпиро Дилшод Назаров аз намуди варзиши гурзпартоӣ соли 2016 дар Бозиҳои олимпии Рио-де-Женейро ба даст овард.
Ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак!
“Заволи пиряхҳо” – филми мустанад оид ба хатари обшавии пиряхҳои Тоҷикистон
Бидуни журнали анъанавӣ. Дар кадом мактабҳои Душанбе истифодаи журнали электронӣ ҷорӣ шудааст?
Artel. Бузургтарин фабрикаи истеҳсоли техникаи маишӣ чӣ тавр фаъолият мекунад?
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Стипендия ба номи Соҳиб Табаров таъсис дода шуд
Китоби “Тоҷикон”-ро нагирифтед? Аз ҳукуматҳои маҳаллӣ пурсед!
Корхонаи коркарди нафти Данғара шарик ва ашёи хом барои коркард меёбад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Тарсутар аз тарсу”
Далер Назаров ҷоизаи давлатӣ гирифт
Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои вилоят баста мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста