Дар шаҳри Душанбе рӯзҳои 2-6 октябр Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо байни наврасон баргузор мешавад. Қарордод дар бораи дар пойтахти Тоҷикистон доир гардидани ин мусобиқаи байнулмилалӣ рӯзи 3 март дар шаҳри Тошканд ба имзо расида буд.
То ҳол барои иштирок дар чемпионат аз 45 кишвар дархост расидааст. Дар рӯзи охирини рақобатҳо мусобиқаи омехтаи даставӣ баргузор мешавад.
Ёдрас мекунем, ки ин дуюмин чорабинии варзишии сатҳи ҷаҳонӣ аст, ки имсол дар Душанбе доир мегардад. Аввалин чорабинии чунин миқёс Dushanbe Grand Slam 2024 буд, ки моҳи май баргузор шуд.
Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо миёни наврасон мусобиқаи байнулмилалии сатҳи баландтарини ҷудо барои варзишгарони синнашон то 21 сола ва поинтар аз он маҳсуб меёбад.
Чемпионатҳо дар 1 сол 1 бор (ба истинои солҳои баргузории Бозиҳои олипмӣ) аз ҷониби Федератсияи байнулмилалии ҷудо гузаронида шуда, дар он ҷудокорон дар категорияҳои мувофиқ рақобат мекунанд.
Аз соли 2019 инҷониб дар чемпионатҳои ҷаҳон миёни наврасон имтиёзҳои рейтингӣ дода мешаванд, ки ба имтиёзҳои Гран-прии IJF барои рейтинги ҷаҳонии калонсолон, инчунин имтиёзҳо барои наврасон дар рейтинги WRL баробаранд. Ин холҳо инчунин барои интихоб ба Бозиҳои олимпӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд.
Тоҷикистон дар World Championships Juniors 2023 дар шаҳри Одивелаши Португалия иштирок кард. Дар ин мусобиқа 582 варзишгар 75 кишварро намояндагӣ карданд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз 9 варзишгар иборат буд.
Абубакр Шеров (73 кг) пас аз ғалаба бар варзишгари фаронсавӣ Элиот Прево ва баъдан варзишгари ҷопонӣ Кеито Кихара сазовори медали биринҷӣ гардид.
Чемпионати ҷаҳон-2023 байни ҷавонон дар доираи Силсилаи ҷаҳонии IJF ва марҳилаи интихобӣ барои Бозиҳои олимпии тобистонаи 2024 баргузор гардид.
Даромаду хароҷоти сокинони Тоҷикистон дар зарфи 8 соли ахир чӣ гуна тағйир ёфт?
Гулҳои “тиллоӣ”. Чӣ гуна дар Душанбе барои харидории гулҳо миллионҳо сомонӣ сарф мекунанд?
Озмуни “Тоҷикистон-ватани азизи ман” ҷамъбаст гардид. Киҳо ғолиб шуданд?
Тоҷикистон аз ҷиҳати арзонии хидматрасонии таксиҳо дар ҷаҳон 5-ум аст
“Китобхонаи электронӣ”, “Мактаб мобайл”, “Сандуқчаи зулбиё”. Хазинаи электронии вазорати маориф чӣ дорад?
Маблағи иловагии БОР барои пайвастани Тоҷикистон ба низоми энергетикии минтақавӣ
"Изҳороти тоҷикситезона". Вокуниши тунди масъули ВКХ-и Тоҷикистон ба суханони як вакили парлумони Русия
Милитсияи Душанбе аз сокинон даъват намуд, ки ба фиреби талбандаҳои “маъюб” бовар накунанд
Аввалин бонки молиявии хурд: тағйири ном ва ҳадафҳои густурдатар
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи "Фил дар торикӣ"
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста