Тими миллии наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар бозии даври аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 дарвозаи дастаи яккачини Гуамро голборон кард.
Ин рақобат дар кишвари Сингапур баргузор гардида, бо натиҷа 33 бар 0 ба фоидаи Тоҷикистон поён ёфт. Наврасони тоҷик 17 голи ин вохӯриро дар 45 дақиқаи қисми аввал ба самар расонданд.
Баъди ин ғалабаи бузург футболбозони навраси тоҷик соҳиби се имтиёз ва садрнишини гурӯҳи “J” шуданд. Дар бозии навбатӣ наврасони кишвар бо ҳамтоёни худ аз Сингапур дидор анҷом медиҳанд. Баргузории ин бозӣ рӯзи 25-уми октябр дар назар аст.
Бозии охирини тими миллии наврасони то 17-солаҳои кишвар дар гурӯҳи “J” бо Уммон рӯзи 27-уми октябр хоҳад буд.




Сокинони кишвар дар моҳи март чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Ҳаҷми маҳсулоти дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон истеҳсолшуда беш аз 30% афзуд
Беш аз 200 кас аз Эрон ва зиёда аз 110 кас аз Иморот ба Ватан омаданд. Тоҷикистон шаҳрвандонашро аз Ховари Миёна бармегардонад
Дар пайи садамае дар Душанбе се ҷавони 25-сола ҷон бохтааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 40
Низои маҳдуд, шиддатгирии вазъ ва бесуботии дохилӣ дар Эрон. Се гузинаи таъсири ҷанг дар Эрон ба Тоҷикистон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 марти соли 2026
Тоҷикистон барои баргардони шаҳрвандонаш аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ ташкил мекунад
Соли гузашта 9 мансабдор барои нақзи қонуни танзим ба додгоҳ кашида шудаанд
Эрон содироти маҳсулоти хӯроквориро манъ кард. Ин ба Тоҷикистон чӣ таъсир мерасонад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста