Муҳорибаи 15-уми Меҳрубон Сангинов, муштзани шинохтаи тоҷик дар Амрико, ки ӯ муддати тӯлонӣ  интизорӣ дошт, бо далели нофаҳмӣ ва ихтилоф бо ширкати промоутерӣ бекор шудааст. Ӯ бояд рӯзи 19 апрел дар доираи мусобиқаи "Showtime Boxing" дар Калифорния бо Махонри Монтеси фаронсавӣ муҳориба мекард. 

Худи муштзан дар саҳифааш дар Инстаграм дар бораи сабабҳои баргузор нашудани ин рақобат чунин гуфтааст:

“Мутаассифона, рақобати ман бо сабаби нофаҳмиву ихтилофҳо бо шахсоне, ки ман қаблан ҳамкорӣ мекардам, бекор шуд. "Промоутер"-и ман аз замони имзои шартнома ду сол бедарак шуда, уҳдадориҳояшро иҷро накард, ба зангҳоям ҷавоб намедод, лекин акнун пайдо шуда, ҳуқуқҳои худро нисбат ман пешниҳод мекунад.

Ин дар вақтест, ки бисёриҳои мехоҳанд бо ман шартнома имзо кунанд, ман худам тасмим гирифтам, ки агенти озод мешавам. Пас аз ошкор шудани ҳамаи масъалаҳо, бисёртар дар ин бора хоҳам гуфт, то ки насли ҷавони муштзанҳо пеш аз имзо мондан промоутер ва шартномаро  бодиққат омӯзанд. Дар ин навъи варзиш пул бисёр мебошад, аз ин рӯ, ман ба ҳалли ҳама гуна вазъият ҳамеша омодаам”.

Акс аз саҳифаи шабакаҳои иҷтимоии муштзан

Ёдрас мекунем, ки чанд сол пеш рақобати Меҳрубон Сангинов бо амрикоӣ Ардреал Холмс бекор шуда буд, ки бояд дар доираи мусобиқаи "Showtime Boxing" бургузор мешуд. Он замон муштзани тоҷик ҷароҳат гирифта буд. Аз ҳамон вақт Сангинов дигар рақобат накардааст.

Пештар аз ҷароҳат бардоштан, дар доираи мусобиқаи шоми "All Star Boxing"  Меҳрубон Сангинов муқобили Хесус Алберт Белтран аз Мексика ба майдон баромад. Рақобат дар Флорида баргузор шуда, Сангинов бо нокаути техникӣ ғолиб омад.

Меҳрубон Сангинов варзишгари тоҷик, муштзани касбӣ, ғолиби як қатор мусобиқаҳои байнулмилалӣ оид ба бокс аст. Дар давраи солҳои 2011-2016 дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс ҳунарнамоӣ мекард.

Ӯ қаҳрамони чандинкаратаи Тоҷикистон аст. Моҳи сентябри соли 2017 ба унвони қаҳрамони ҷаҳон тибқи фарзияи "WBC Youth World Champion" соҳиб шуд.

Моҳи январи соли 2021 унвони қаҳрамони "WBA NABA"-ро дар вазни супер-миёна ба даст овард. Тобистони ҳамон сол ба унвони қаҳрамони "WBA America continental" дар вазни миёна соҳиб шуд. Аз моҳи феврали соли 2021 ба сафи 15 нафар беҳтаринҳо (ТОП-15)-и радабандии "WBA" шомил аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.