Имрӯз, 26-уми апрел, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё се варзишгари дигари тоҷик, Сомон Маҳмадбеков, Абубакр Шеров ва Александр Кан рақобатҳои худро баргузор карданд.

Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг куштӣ гирифта, баъди шикасти се рақиби худ ба финал баромад. Аммо дар ин марҳила ӯ аз варзишгари Куриёи Ҷанубӣ - Ҷунван Ли шикаст хӯрда, маротибаи дуюм дар корномаи худ медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Осиёро ба даст овард. Маҳмадбеков қаблан дар соли 2021 соҳиби медали нуқраи ин мусобиқа шуда буд.

Ҷудокори дигари тоҷик Абубакр Шеров дар вазни то 73 кг рақобатро аз даври дуюм оғоз кард. Ӯ баъди шикасти ҳарифи ҷопонии худ ба нимфинал баромад, вале дар ин давр Абубакр ба таври баҳсбарангез аз варзишгари ӯзбекистонӣ ноком шуд ва муборизаро барои медали биринҷӣ идома дод. Дар рақобат барои ҷои сеюм паҳлавони тоҷик рақиби муғулистонии худ Уранбаяр Одгерелро ноком карда, медали биринҷиро ба гардан овехт.

 

Абубакр Шеров
Акс аз сомонаи ФҶҶ

Дар вазни то 57 кили миёни занон Александр Кан, варзишгари тоҷик ба майдон омад. Ӯ дар даври якум рақиби худ аз Малайзияро ноком кард, вале дар даври дуюм аз варзишгари Тайпеи Чин шикаст хӯрда, аз идомаи мусобиқа маҳрум шуд.

Дар рӯзи аввали мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё се ҷудокори тоҷик - Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар вазни то 60 кг, Обид Ҷебов дар вазни то 66 кг ва Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66 кг медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё аз 25 то 27-уми апрел дар шаҳри Бангкоки Тайланд баргузор мегардад. Дар ин мусобиқа 13 паҳлавон, 9 мард ва 4 зан Тоҷикистонро намояндагӣ мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.