Футзалбозоне, ки минбаъд аз иштирок дар ҳайати тими миллии футзали Тоҷикистон даст мекашанд, аз ширкат дар мусобиқоти расмии дохили кишвар маҳрум хоҳанд шуд. Чунин қарор дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) дар Душанбе қабул шуд.
Ба иттилои сомонаи расмии ФФТ, Пайрав Воҳидов, сармураббии тими миллии футзали Тоҷикистон дар ҷаласа изҳор дошт, ки феълан ҳайати даста дар марҳилаи навсозӣ қарор дорад. Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 ба яккачини кишвар як қатор бозигарони нав ҷалб карда шуданд.
Гуфта мешавад, ки бозигарон аз иштирок дар дастаи миллии кишвар даст мекашанд, зеро барои ин ба онҳо пул намедиҳанд. "Азия-Плюс" аз коршиноси пешрафтаи соҳаи футзали Тоҷикистон Нодир Дусматов дархост намуд, ки дар ин масъала изҳори назар кунад.
“Қарор дар бораи аз мусобиқаҳои расмии дохилӣ маҳрум кардани бозигароне, ки аз иштирок дар дастаи миллӣ саркашӣ мекунанд, як қадами муҳим дар самти тақвияти интизом ва боло бурдани масъулиятнокии варзишгарон аст. Тими миллӣ рамзи кишвар дар арсаи байнулмилалӣ аст. Саркашӣ аз ҳимояи рамзи миллӣ бидуни сабабҳои асоснок на танҳо обрӯи даста, балки шарафи тамоми футзали Тоҷикистонро ба хатар мегузорад”, — мегӯяд коршинос.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамзамон бояд дар назар гирифт, ки сабабҳои воқеии саркашии бозигарон аксар вақт садо намедиҳанд.
“Бозигарон бисёр вақт барои оқибатҳои ногувор ба рушди минбаъдаи касб, аз ошкоро гуфтани мушкилоте, ки ба қабули қарор аз ҷониби онҳо асос мешавад, метарсанд. Ин сабабҳо на ҳамеша бо пул рабт дошта, аксаран ба мушкилоти тадорукотӣ, шароити нокофӣ барои тамрину омодагӣ, муҳити дохили даста ё омилҳои дигари ҷиддии шахсӣ марбутанд.
Аз ин рӯ, адолат ва самаранокии ин қарор танҳо дар ҳолати суҳбатҳои мустақим ва инфиродӣ бо ҳар як бозигар метавонад таъмин карда шавад, то ки нуқтаи назари ӯ шунида шавад”, — зикр мекунад Дусматов.
Номбурда гуфт, танҳо ба маълумоте, ки аз шахсоне бетарафу бегона ва манбаъҳои носанҷида гирифта шудааст, такя кардан лозим нест.
“Танҳо гуфтугӯи мустақим бо худи варзишгарон имкон медиҳад, ки мушкилоти воқеӣ ошкор ва бартараф шуда, шароити мувофиқ фароҳам оварда шавад, то ки ҳар як бозигар бо ифтихор барои кишвараш ҳунарнамоӣ кунад. Ба сурати умум, ташаббуси Кумитаи иҷроияи ФФТ ҳамчун ҷузъи кори доимӣ баҳри баланд бардоштани обрӯву нуфузи тими миллӣ боиси дастгирист, вале барои расидан ба натиҷаҳои воқеӣ, донистани назари худи бозигарон ва қабули қарор бар асоси суҳбати ошкоро ва эҳтироми тарафайн хеле муҳим аст”, - илоа намуд коршинос.