Федератсияи байнулмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) ба муҳлати се равзанаи тарансферӣ гузариши футболбозон ба дастаи “Равшан”-и Кӯлобро манъ кард. Дар ин бора дар торнамои ФИФА хабар дода мешавад.

Қабули чунин қарор ба баҳси додгоҳӣ миёни “Равшан” ва собиқ бозигари даста - нимҳимоятгар аз Гана Дэвид Мавутор марбут аст.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз дастаи футболи “Равшан” хабар доданд, арзу шикояти Мавутор ба Палатаи ҳалли баҳсҳои ФИФА (DRC) пешниҳод гардида дар он ӯ барои иҷро нашудани уҳдадориҳои молиявӣ аз ҷониби тим ҷуброн талаб мекунад.

Моҳи марти соли 2025 DRC даъворо асоснок шуморида ба нафъи бозигар қарор содир намуд, ки дар он “Равшан” ба пардохти қарз уҳдадор шуд.

Дар қарор зикр мешавад, ки чун маблағҳои зикршуда дар муҳлати муқарраргардида пардохт нашудаанд, ФИФА ба муҳлати се равзанаи трансферӣ - шурӯъ аз наздиктаринаш барои даста муҷозот (манъ) ҷорӣ кард. Ин чунин маъно дорад, ки то замони иҷрои уҳдадориҳои молиявӣ ва пурра бекор шудани таҳрим (манъ), “Равшан” дар ин давра бозигарони нав қабул карда наметавонад - ҳам футболбозони ватанӣ ва ҳам хориҷӣ (легионерҳо).

Даста уҳдадор аст, ки дар фурсатҳои кӯтоҳтарин баҳс бо Дэвид Мавуторро ҳал кунад, то ки манъ тезтар бекор кард шавад. Дар акси ҳол, муҳлати манъи қабули бозигарони нав метавонад дароз карда шавад.

Манъи трансфер аз ҷониби ФИФА чист?

Таҳрим ба трансфер манъи расмии ба қайд гирифтани бозигарони нав аст, ки нисбати даста барои риоя накардани уҳдадориҳои молиявӣ ё шартҳои қарордод ҷорӣ мешавад:

- ҳам ба трансферҳои дохилӣ ва ҳам байнулмилалӣ дахл дорад;

- ҳатто дар сурати қарордодҳои амалкунанда, ба эълони бозигарони нав дар ҳайати даста иҷоза дода намешавад;

- танҳо дар ҳолати пурра ҳаллу фасл кардани қарз метавонад бекор шавад.

Қобили зикр аст, ки ин аввалин чунин муҷозат барои дастаи Тоҷикистон аз ФИФА нест. Моҳи марти соли 2025 легионер аз Нигерия Чидиебере Окечукву ба DRC ФИФА аз болои тими “Истаравшан” барои пардохт накардани маош ва ҷубронпулӣ барои пеш аз муҳлати қатъ кардани қарордод шикоят бурда буд.

Дэвид Мавутор кист?

Мавутори 33-сола ҳунарнамоии касбии худро дар берун аз ҳудуди Африқо, соли 2022 дар “Равшан” оғоз намуда, сипас ба “Истиқлол” гузашт. Ҳамчунин дар ҳайати тимҳои «Жетису», «Шахтер», «Ақсу» ва «Тӯрон»-и Қазоқистон, «Висла»-и Лаҳистон (Полша) ва «Сембилан»-и Малайзия бозӣ кардааст. Тобистони соли 2024 ба “Равшан” баргашта, аввали соли 2025 ба “Хуҷанд” гузашт. Футболбоз шаҳрвандии Тоҷикистонро дорад, лекин ба ҳайати тими мунтахаб даъват нашудааст.

Дэвид Мавутор
Акс аз ДФ Равшан

Минбаъд чӣ мешавад?

Акнун ба раҳбарияти “Равшан” лозим аст, ки ё фавран қарзро пардохт кунанд, то ки ба ФИФА ҷиҳати бекор кардани муҷозот дархост диҳанд, ё дар шароити маҳдудият фаъолият намуда, ба ҳайати ҳозира ва бозигарони ҷавон умед банданд.

Дар акси ҳол даста метавонад натанҳо имкони ба медал соҳиб шудан, балки эътимод дар арсаи байнулмилалиро аз даст диҳад ва зимни гуфтушунид бо футболбозони хориҷӣ ба душвориҳо дучор гардад.

Вокуниши даста

Дар шарҳи ин масъала намояндагони тими “Равшан” изҳор намуданд, ки Мавутор ба амалҳои ғайриқонунӣ даст задааст. Мавутор дар дасташ ду қарордод доштааст. Ӯ аз якумаш даст кашидааст, зеро ба маблағи он розӣ набудааст.

Дуюмашро ба имзо расонида, тибқи он Мавутор ҳамаи маблағҳои муқарраршударо гирифтааст. Қарордоди якумро бошад, бо санаи пешина ба имзо расонида, онро ба гурӯҳи ҳакамон (арбитраж)-и ФИФА фиристодааст, ки гӯё мувофиқи он бояд ба ӯ маблағҳо пардохт шаванд.

Даста дар навбати худ нисбати қарори ФИФА арзу шикоят пеш оварда, аллакай ҳамаи ҳуҷҷат ва пардохтварақаҳо (ведомостҳо)-ро фиристодааст, инчунин мактуб бо имзои худи Мавуторро, ки дар он гуфта мешавад, даста ба футболбоз ҳамаи маблағҳоро пардохт намудааст ва ягон даъво нест.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.