Дарвозабони дастаи “Ростов”-и шаҳри Ростови лаби Дони Русия расман беҳтарин дарвозабони мусобиқоти Ҷоми Русия эътироф гардид. Ба ин мукофот ӯ аз рӯйи натиҷаи овоздиҳӣ ба ҳайати мунтахаби рамзии мусобиқа, ки хадамоти матбуоти Ҷом баргузор намуд, соҳиб шуд.
Ин на танҳо як эътирофи арзанда, балки комёбии таърихист: бори нахуст футболбоз аз Тоҷикистон ба чунин мукофоти шоистаи инфиродӣ дар сатҳи мусобиқаи бузург дар Русия ноил гардид.
Аз рӯйи натиҷаҳои овоздиҳӣ Ятимов аз дигар ҳамтоёнаш хеле пеш гузашт: 68%-и овоздиҳандагон ба ҷонибдории ӯ раъй доданд. Дар зинаи дуюм бо 19% Владислав Тороп (ЦСКА) ва сеюм - бо 4% Александр Селихов («Спартак»/«Урал») қарор гирифтанд.

То ба даври суперфинал расидан, ки “Ростов” бо ЦСКА бозӣ мекунад, Рустам Ятимов 7 вохӯрӣ гузаронида, ба дарвозааш 8 тӯб ворид шуд ва дар 2 бозӣ дарвозааш аз гол эмин монд. Дар лаҳзаҳои ҳалкунанда ӯ чандин маротиба дастаашро наҷот дод, бахусус дар силсилаи зарбаҳои 11-метра ва дар марҳилаҳои плей-офф.
Ятимов бахусус дар вохӯрии нимфиналӣ маҳорати хуб нишон дода, амалҳои устувор ва далеронаи ӯ яке аз омилҳои калидии роҳ ёфтани дастаи Валерий Карпин ба вохӯрии финалӣ гардид. Ӯ ҳамчунин дар оғози ҳамлаҳои даста фаъолона саҳм гузошта, бо ҳимоягарон ҳамкорӣ ва дилпурона бо пояш ҳам хуб бозӣ мекунад.

Рустам Ятимов аввалин намояндаи Тоҷикистон аст, ки бо мукофоти инфиродӣ ҳамчун беҳтарин бозигари мусобиқа таҳти сарпарастии Иттифоқи футболи Русия (РФС) қадрдонӣ шуд.
Қаблан Ятимов чандин бор дар ҳайати тими “Истиқлол” беҳтарин дарвозабони мусобиқоти қаҳрамонӣ дониста шуда буд. Гузариш ба “Ростов” барои ӯ як қадами муҳим гардад, мавсими кунунии Ҷоми Русия тасдиқ намуд, ки ӯ ба фатҳи қуллаҳои нав омода аст.
Акнун дастаи Ятимов рӯзи 1 июн дар вохӯрии суперфинали Ҷоми Русия бо ЦСКА-и Маскав бозӣ мекунад. Барои Рустам Ятимов ин на танҳо мубориза барои дарёфти Ҷом, балки имконе хоҳад шуд барои бори дигар нишон додани маҳорату малакаи худ дар вохӯрӣ бо ҳарифи пурқувват.
Агар “Ростов” дар ин бозӣ ғалаба ба даст орад, ин мавсим барои даста таърихӣ дониста хоҳад шуд ва аксаран ба туфайли Рустам Ятимов. Бозии дилпурона, маҳорати раҳбарӣ ва оромии Ятимов зери фишор ӯро аллакай ба яке аз қаҳрамонҳои асосии мусобиқа табдил додаанд.