Темур Раҳимов, паҳлавони сангинвазни тоҷик дар рӯзи ҳафтуми мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар шаҳри Будапешти Маҷористон дар вазни ҷамъи 100 кг медали биринҷӣ ба даст овард. Ин сеюмин медали Тоҷикистон дар қаҳрамонии ҷаҳони ҷудо дар имсол ва дар маҷмуъ, панҷумин аст.
Ӯ рӯзи гузашта ба рақобат пардохт ва муборизаро аз даври дуюм шуруъ кард. Дар ин давр паҳлавони 27-солаи мо Сеунгёб Ли аз Куриёи Ҷанубиро ноком карда, ба марҳилаи 1/8-ниҳоӣ роҳ ёфт. Ин марҳиларо ҳам Темур бо ғалаба муқобили варзишагри утришӣ (австриягӣ) Мовлӣ Борчашвиллӣ пушти сар кард ва ба ¼-финал баромад.
Ҳарифи Раҳимов дар ин давр Гончигсурен Батхуяги муғулистонӣ буд, ки варзишгри мо ӯро ҳам шикаст дод ва ба нимфинал рафт. Вале дар ин давр Темур аз Инал Тасоев, намояндаи Федератсияи байналмилалии ҷудо ноком шуд.
Баъди ин Темур муборизаро барои медали биринҷӣ идома дод ва бо пирӯзӣ дар баробари Ушанги Кокаурӣ аз Озарбойҷон онро ба гардан овехт. Ин якумин медали биринҷӣ аз қаҳрамонии ҷаҳон барои Темур аст.
Панҷ куштигири дигари тоҷик - Меҳрзод Суфиев, Беҳрӯзи Хоҷазода, Абубакр Шеров, Сомон Маҳмадбеков Кароматулло Ҳакимов ва Ҷаҳонгир Маҷидов дар марҳилаҳои гуногуни мусобиқа мағлуб шуда, аз гирифтани медалҳо маҳрум гаштанд.

Ҳамин тавр, варзишгарони тоҷик аз мусобиқаи мазкур бо 3 медал, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ бармегрданд. Медалҳи дигари Тоҷикистонро Эмомалӣ Нуралӣ (нуқра) ва Обид Ҷебов (биринҷӣ) ба даст оварда буданд.
Варзишгарони тоҷик аз рӯи ҳисоби медалҳо дар миёни 93 кишвар ҷои 7-умро гирифтанд. Аз ин ҳисоб Ҷопон бо касби 14 медал (6 тилло, 4 нуқра ва 4 биринҷӣ) дар ҷои аввал қарор гирифт.

То ин дам варзишгарони тоҷик аз қаҳрамонии ҷаҳон ду медал оварда буданд: соли 2007 Расул Боқиев дар Рио-де-Жанейро ва соли 2024 Сомон Маҳмадбеков дар Абу-Забӣ.
Дар ин мусобиқот, ки аз 13-уми июн оғоз шуда буд ва имрӯз анҷом меёбад, 556 варзишгар (294 мард ва 262 зан) аз 93 кишвари 6 қораи олам иштирок доштанд.
Ғолибони мусобиқа дар баробари медал бо ҷоизаҳои молӣ низ қадрдонӣ мешаванд. Барои ҷойи якум 26,000 евро (20,800 евро ба варзишгар, 5,200 евро ба мураббӣ), барои ҷойи дуюм 15,000 евро (12,000 евро ба варзишгар, 3000 евро ба мураббӣ) ва барои зинаҳои сеюм 8000-евроӣ (6,400 евро ба варзишгар, 1,600 евро ба мураббӣ).
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояҳои Антон Чехов. Аз зери пилла ба авҷи қулла
Аз либосу паҳпод то чархбол. Дар намоишгоҳи маҳсулоти нассоҷӣ ва дигар молҳои Тоҷикистону Қирғизистон чӣ ба маъраз гузошта шуд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 июли соли 2025
Аз фурудгоҳ то Донишгоҳи аграрӣ. Кӯчаҳои асосии Душанбе барои се моҳ баста мешаванд
15 рӯз мӯҳлат ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ барои тарки Тоҷикистон. Кумитаи паноҳҷӯён гуфт, касе шикоят накардааст
“Сомон-Эйр” ҳам парвозҳо миёни Душанбе ва Теҳронро барқарор мекунад
Рақобатҳо барои унвон дар Ҳисору Тошканд. Кӣ дар "CAFA Nations Cup-2025" қаҳрамон мешавад?
Сабтином барои кор дар Корея оғоз гардид. Ба куҷо ва бо кадом ҳуҷҷатҳо бояд муроҷиат кард?
Дар Тоҷикистон 343 гектар заминҳои партофташуда ба гардиши кишоварзӣ баргардонида шуд
Тоҷикистону вилояти Свердловск ният доранд, коркарди муштараки сурмаро роҳандозӣ кунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста