Нимашаби гузашта дастаи ҷудокорони Тоҷикистон пас аз иштироки бомуваффақият дар Қаҳрамонии ҷаҳон аз шаҳри Будапешти кишвари Маҷористон ба ватан баргаштанд. Ҷудокорони кишварро шахсони расмӣ ва ҳаводорону сокинон ба таври хос ва бо шукуҳ истиқбол гирифтанд.
Ҷудокорони тоҷик дар Қаҳрамонии ҷаҳон бори аввал се медал ба даст оварда, дар рӯйхати даставӣ мақоми 7-умро соҳиб шуданд.
Дар ин мусобиқа Эмомалӣ Нуралӣ, ҷудокори хушноми тоҷик дар вазни то 66 кг бори аввал ба гирифтани медали нуқра шарафёб гардид. Ин аввалин медали нуқра барои Тоҷикистон аз Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо аст.
Ӯ дар финал ҳунарнамоии шоиста нишон дод, аммо дар ниҳоят аз Такеши Такеокаи ҷопонӣ шикаст хурд ва соҳиби медали нуқра гардид.
Бояд гуфт, Эмомалӣ Нуралӣ дар марҳилаи нимниҳоӣ бо Обид Ҷебов, ҷудокори дигари тоҷик вориди рақобат шудаву пирӯз гардида буд.
Обид Ҷебов барои ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ бо Валид Хяри фаронсавӣ рақобат кард ва пирӯз шуд.
Дурахши Обид Ҷебов дар марҳилаи ҷаҳорякниҳоӣ хотирмонтарин лаҳзаи Қаҳрамонии ҷаҳони имсол буд. Ӯ дар ин марҳила Ҳифуми Абе, қаҳрамони олимпиро бисёр зебо ва бо иппон шикаст дод.
Темур Раҳимов, ҷудокори гаронвазн ва шинохтаи тоҷик низ дар ин Қаҳрамонии ҷаҳон соҳиби медали биринҷӣ шуд. Ӯ дар марҳилаи нимниҳоӣ бо Инал Тасоев, қаҳрамон ва ду карат ҷоизадори медали биринҷии Қаҳрамонии ҷаҳон аз дастаи Федератсияи балналмилаии ҷаҳон (ӯ аслан аз халқи осетини Русия аст) шоиста рақобат кард, вале шикаст хӯрд.
Барои мақоми сеюм ва медилаи биринҷи Темур Раҳимов бо ноибқаҳрамони пешини ҷаҳон Ушанги Кокаурии озарӣ рақобат кард. Дар лаҳзаҳои охири рақобат, вақте Темур Раҳимов бо як вазарӣ рақобатро бой медод, 8 сония пеш аз анҷоми он ҳарифашро бо усули иппон ва хеле зебо шикаст дода, сеюмин медалро ба дастаи Тоҷикистон овард.
Бояд гуфт, ки дар Қаҳрамонии ҷаҳони имсол Ҷаҳонгир Маҷидов, ҷудокори дигари тоҷик то вазни 100 кг низ ҳунарнамоии хуб нишон дод ва соҳиби мақоми ҳафтум шуд.
Ҳамин тавр, дастаи ҷудои Тоҷикистон дар Қаҳрамонии ҷаҳон-2025 дар шаҳри Будапешти кишвари Маҷористон се медал (1 нуқра ва 2 биринҷӣ) ба даст овард ва якҷо бо мақоми ҳафтуми Ҷаҳонгир Маҷидов дар ҳисоби даставӣ миёни 92 давлат мақоми 7-умро соҳиб гардид.
Ин бори аввал аст, ки дастаи ҷудои Тоҷикистон дар Қаҳрамонии ҷаҳон соҳиби 3 медал мешавад. То ин лаҳза ҷудокорони тоҷик дар мусобиқоти Қаҳрамонии ҷаҳон танҳо соҳиби ду медали биринҷӣ шуда буданд. Онро Расул Боқиев соли 2007 дар Рио де Жанейрои Бразилия ва Сомон Маҳмадбеков соли 2024 дар Абу-Забии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ соҳиб шуда буданд.
Ёдовар мешавем, ки дар Қаҳрамонии ҷаҳон – 2025 дар шаҳри Будапешти кишвари Маҷористон Тоҷикистонро 9 ҷудокор намояндагӣ карданд.
-60 кг – Меҳрзод Сӯфиев
-66 кг – Эмомалии Нуралӣ
-66 кг – Обид Ҷабборов (Ҷебов)
-73 кг – Шеров Абӯбакр
-73 кг – Беҳрӯзи Хоҷазода
-81 кг – Сомон Маҳмадбеков
-100 кг – Ҷаҳонгир Маҷидов
-100 кг – Кароматулло Ҳакимов
+100 кг – Темур Раҳимов
Ин мусобиқа аз 13 то 20-уми июн баргузор шуд.
Суратгузориш аз намоишгоҳи маҳсулоти нассоҷӣ ва дигар молҳои Тоҷикистону Қирғизистон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 июли соли 2025
Аз фурудгоҳ то Донишгоҳи аграрӣ. Кӯчаҳои асосии Душанбе барои се моҳ баста мешаванд
15 рӯз мӯҳлат ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ барои тарки Тоҷикистон. Кумитаи паноҳҷӯён гуфт, касе шикоят накардааст
“Сомон-Эйр” ҳам парвозҳо миёни Душанбе ва Теҳронро барқарор мекунад
Рақобатҳо барои унвон дар Ҳисору Тошканд. Кӣ дар "CAFA Nations Cup-2025" қаҳрамон мешавад?
Сабтином барои кор дар Корея оғоз гардид. Ба куҷо ва бо кадом ҳуҷҷатҳо бояд муроҷиат кард?
Дар Тоҷикистон 343 гектар заминҳои партофташуда ба гардиши кишоварзӣ баргардонида шуд
Тоҷикистону вилояти Свердловск ният доранд, коркарди муштараки сурмаро роҳандозӣ кунанд
Дараи Алмосии Тоҷикистон ҳамчун мавзеи мероси кишоварзии ҷаҳон эътироф шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста