Дар  мусобиқаи "UFC Fight Night" дар Боку размикори 30-солаи тоҷик Муҳаммад Наимов (13-3) бар ҳарифи худ аз Утриш (Австрия) Богдан Град (15-3) пирӯз шуд.

Ҳамин тавр, Наимов 13-умин пирӯзии худро дар муҳорибаҳои омехта ба даст овард Дар Лигаи маъруфи UFC ин пирӯзии дуюми пайдарпайи размикори тоҷик аст. Ӯ се маротиба нокомӣ ҳам шудааст.

Бори охир Муҳаммад Наимов моҳи феврали соли 2025 муқобили варзишгари турктабор аз Австралия Каан Офлӣ размида, бо ҳисоби доварон ғалаба карда буд.

Богдан Град, рақиби размикори тоҷик ҳамакнун бори сеюм мағлуб шуд. Ӯ то муҳориба бо Муҳаммад 15 ғалаба ва 2 нокомӣ дошт.
1/4

Маблағи мукоофтпулии Муҳаммад Наимов 81 ҳазор доллар бо шумули 38 ҳазор ба сифати ҷоиза барои пирӯзӣ (бонус) ва 5 ҳазор аз сарпарастонро ташкил дод. Дар ин бора “Sporty Salaries” хабар медиҳад.

Муҳаммад Наимов, маъруф бо номи "Hillman", – яке аз намояндаи барҷастатарини Тоҷикистон дар ММА аст. Ӯ соли 2023 муваффақона ба UFC ворид шуд. То моҳи майи соли 2025 ӯ ба якчанд ғалабаи назаррас (аз ҷумла бо нокаут) ноил гардида, худро ҳамчун зарбазани пуртаҷриба нишон дод.

Наимов бо усули ҷанговарона ва ҳамлагар дар рақобат ва зарбаҳои қавиаш маъруф аст. Рақобатҳояш дар UFC мавриди таваҷҷуҳи мухлисон ва мутахассисон қарор гирифта, ба зинаҳои баландтари радабандиҳо боло рафтани ӯ дар вазни нимасабук идома дорад.

Дар ҳамин ҳол, ӯ ҳам ғалабаҳо ба даст овардаву ҳам ба бохтҳо дучор гардида, дар рақобатҳои асосӣ (мейнкардҳо)-и мусобиқаҳои UFC Fight Night ва PPV дилпурона боқӣ мемонад. Муҳаммад ба устувор кардани мавқеи худ дар 25-гонаи  беҳтаринҳо (топ-25)-и дивизион ва “гейткипер шудан” дар сафи 15-гонаи беҳтаринҳо қодир аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.