Лигаи олии футболи ҷумҳурӣ ба 20-гонаи гаронтарин мусобиқаҳои футболи қораи Осиё шомил гардида, бо арзиши умумии 22,03 млн евро дар мақоми 20-ум қарор гирифтааст. Дар ин бора пойгоҳи "Transfermarkt" навиштааст.

Барои муқоиса, арзиши бозингарони Про-Лигаи Арабистони Саудӣ дар бозор зиёда аз 1 млрд евроро ташкил дода, онҳо дар зинаи 1-ум қарор гирифтаанд. Дар зинаҳои баъдӣ мусобиқоти зерин ҷойгир шудаанд:

- Лигаи ситораҳои Қатар (362 млн евро);

- Пролигаи баргузидаи Амороти Муттаҳидаи Араб  (358 млн);

- Ҷей-Лигаи Ҷопон (298 млн ва 5) Суперлигаи Чин (138 млн).

Лаҳзае аз вохӯрии "Регар" - "Ҳулбук"
Сурат: ФФТ

Про-Лигаи Эрон (125,88 млн) ва Суперлигаи Ӯзбекистон (87,66 млн) болотар аз мақоми Тоҷикистон ва кишварҳое чун Мянма, Фиҷи, Лаос ва Филиппин дар зинаҳои поинтар аз он ҷойгир шудаанд. Масалан, арзиши умумии ҳайати дастаҳои Лигаи миллии Мянма 17,27 млн евро ва Премйер-лигаи Фиҷи - ҳамагӣ 17 млн евроро ташкил медиҳад.

Ба ин тариқ, мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон устуворона дар сафи 20-гонаи гаронтарин лигаҳои Осиё боқӣ монда, аз як қатор мусобиқаҳо дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ пешсаф аст ва тадриҷан мавқеъҳои худро дар радабандиҳо (рейтингҳо)-им қораи Осиё мустаҳкам мекунад.

Лаҳзае аз бозии "Вахш - "Истиқлол"
Сурат: ФФТ

Радабандии мазкур бо он ҷолиб аст, ки натанҳо сатҳи сармоягузорӣ ба лигаҳоро таҷассум месозад, балки то чӣ андоза аз ҷониби кишварҳо таваҷҷуҳ ба футболро аз лиҳози касбӣ нишон медиҳад. Нишондиҳандаҳое чун синнусоли миёнаи бозингарон, фоизи легионерҳо, шумори умумии иштирокчиён, фаъолнокӣ дар трансфер (гузариш) ва вазъи босуботи дастаҳо ба инобат гирифта мешавад.

Дар мавсими соли 2025 дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон 12 даста иштирок мекунанд. Синни миёнаи бозингарон 25,9 солро ташкил медиҳад. Дар ҳамин ҳол, ҳиссаи легионерҳо (бозингарони аз хориҷи кишвар даъватшуда) ба 33,5% баробар аст.

Ин яке аз нишондиҳандаҳои баландтарин дар радабандӣ аст, ки ба иштироки фаъолонаи футболбозони хориҷӣ дар фароҳам сохтани муҳити рақобат ишора менамояд. Легионерҳо бахусус дар ҳайати дастаҳои “Истиқлол”, “Хуҷанд”, “Равшан” ва “Эсхата” зиёданд.

Лаҳзае аз вохӯрии "Эсхата" - "Истаравшан"
Сурат: ФФТ

Ба арзиши лига фаъолияти трансферии дастаҳо низ таъсири мусбат мерасонад. Равзанаи тобистонии соли 2025 хеле фаъол дар таърих гардид: даҳҳо гузариш (трансфер), аз ҷумла аз дастаҳои Русия, Ӯзбекистон, Эрон, Черногория, Косово ва кишварҳои дигар. Ин ба шинохти бештари лига, ҷалби скаутҳо ва афзудани таваҷҷуҳи расонаҳои минтақа имкон медиҳад.

Расидан то ба сатҳи 5-гонаи беҳтарин барои Тоҷикистон душвор аст, аз ҷумла аз лиҳози миқёси маблағгузорӣ, зерсохтор ва ҳаҷми бозор. Аммо шомил гардидан ба сафи 20-гонаи беҳтаринҳо низ як марҳилаи муҳим аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.