Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) рӯзи 7-уми август радабандии нави дастаҳои мунтахаби занонаи ҷаҳонро нашр кардааст.
Тими миллии футболи занонаи Тоҷикистон дар ин радабандӣ се зина поён рафта, бо доштани 950.20 хол дар мақоми 158-ум қарор гирифт. Дар радабандии қаблӣ дастаи занонаи кишвари мо зинаи 155-умро касб карда буд.
Ба гузориши ФИФА, дар умум дар радабандӣ 196 тими занона ҳузур доранд. Дар садри радабандии навшуда тағйирот рух додааст. Дастаи мунтахаби бонувони Испания, ки ахиран ба финали Қаҳрамонии Аврупо расида буд, Амрикоро аз ҷои нахуст канор зад ва худаш дар ин рутба қарор гирифт.
Даҳгонаи аввали тимҳои занонаи радабандии ФИФА:
1. Испания – 2066,79;
2. Амрико– 2065,06;
3. Суис (Шветсия) – 2025,26;
4. Англия – 2022,64;
5. Олмон – 2011,56;
6. Фаронса – 1988,68;
7. Бразилия – 1976,30;
8. Ҷопон – 1971,05;
9. Канада – 1967,83;
10. Куриёи Шимолӣ – 1944,22.
Дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дастаи занонаи Ӯзбекистон мавқеи беҳтар дорад ва бо 1487,67 хол дар ҷои 52-ум аст. Пас аз ин даста, Қазоқистон бо доштани 1175,94 имтиёз зинаи 108-ум, Туркманистон бо доштани 1063,88 имтиёз зинаи 138-ум, Қирғизистон бо доштани 1062,41 имтиёз зинаи 139-ум ва Тоҷикистон бо доштани 950,20 имтиёз зинаи 158-умро касб кардаанд.
Ҳамин тариқ, Тоҷикистон миёни кишварҳои минтақа аз ҳама мавқеи поёнтар дорад.





Tarona Music Award - 2025: Ҷашни шодиву сурур наздик аст!
Мактабу кӯдакистон, бозор ва корхонаи истеҳсолӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Турсунзода кадом иншоотро ба истифода дод?
Зарару фоидаи электромобил. Чаро бархе мардон аз харидории мошинҳои барқӣ худдорӣ мекунанд?
Даргузашти Саидвалӣ Ӯзбеков, собиқ вакили порлумон ва ноиби пешини раиси вилояти Хатлон
Орун Афшор ва Муҳсин Иброҳимзода ба Тоҷикистон меоянд. Консерти онҳо кай ва дар куҷо мегузарад?
Аз зодрӯзу хатнасур ва саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ, то фолбинию фоҳишагӣ. Аз соли нав барои кадом қонуншиканӣ ҷарима боло меравад?
“Google” ва “Apple” ба корбарони худ дар Тоҷикистон дар бораи ҳамлаҳои сайберӣ ҳушдор додаанд
Идомаи “шикори хлопушка”. Боз ду нафарро бо гумони фурӯши маводи тарфгарӣ боздошт кардаанд
Ба як ҷойи кории холӣ дар кишвар 6 кас рост меоянд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 38
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста