Душанбе. 8-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бояд 9-уми июл қарори ҳукми қонунӣ доштани раиси Ҳизби Демократии Тоҷикистонро қабул намояд.
Роҳбари яке аз се ҷиноҳи Ҳизби Демократии Тоҷикистон (ҲДТ) Саидҷаъфар Исмонов мегӯяд, ки баррасии даъвои Масъуд Собиров, ки бояд дирӯз барпо мегардид, ба рӯзи чоршанбе мавқуф гузошта шудааст.
Ёдрас мекунем, ки раиси расман эътирофшудаи ҲДТ Масъуд Собиров аз роҳбари яке аз се ҷиноҳи ҳизб Саидҷаъфар Исмонов даъво дорад, ки барои чун раиси ҳизб худро муаррифӣ карданаш, ба сифати ҷуброни зарари маънавӣ ба ӯ 150 ҳазор сомонӣ маблағ пардохт кунад.
Ба қавли С.Исмонов, додгоҳ мавқуф гузоштани қабули қарори худро бо ҳузур надоштани намояндаи Вазорати адлия, ки муайян кардани қонунӣ будани раисӣ дар ҲДТ ба салоҳияти ӯ дохил мешавад, асоснок кардааст.
«Ман бар чунин назарам, ки ҳарчанд мақомоти додгоҳ ҳукми қонунӣ доштани фаъолияти моро ҳал кунанд ҳам, ба ҳар ҳол, қонунӣ будани раиси ҳизбро бояд раёсати он муайян намояд, - таъкид сохт С.Исмонов. - Аз ин рӯ, ба чигунагии ҳалномаи додгоҳ нигоҳ накарда, мо мекӯшем, даъвати анҷумани ҳизбро, ки мақомоти олии ҳизб аст, амалӣ созем».



Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 декабри соли 2025
Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста