Кӯлоб. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Маркази минтақавии давлатии назорати вогириву беҳдоштии Кӯлоб сардори хадамоти байтории ноҳияи Фархор Ашӯр Холовро ба миқдори 2 музди меҳнати ҳадди ақал ҷарима кардааст.
Директори марказ Саид Давлатов мегӯяд, ки дар ноҳияи Фархор эмкунии чорвои ҷамъиятӣ ва шахсӣ аз бемории оқсил саривақт гузаронида нашуд.
Ба қавли ӯ, ҳафтаи гузашта сардори раёсати идораи обу корези ноҳияи Темурмалик Абдусалом Раҷабалиев ба миқдори 8 музди меҳнати ҳадди ақал ҷарима карда шуда, санадҳои зарурӣ ба додситонӣ ирсол гардидаанд.
«Ба огоҳиномаҳо нигоҳ накарда, дар ноҳия камбудиву ноҷӯриҳои таҷҳизоти нгаҳдории моддаи хлор дуруст нагардида ва дар шаҳраки Темурмалик 3 зарфи нигаҳдории обро тоза накардаанд», - изҳор дошт С.Давлатов.
«Моро лозим омад, ки худамон бевосита ба ноҳия моддаи гипохлориди калтсий бурда, кори таҷҳизоти нигаҳдории хлорро аз нав барқарор созем, - идома дод ӯ. - Акнун бо аъмоли Раҷабалиев додситонӣ машғул аст».



Вакилони парлумон қонунеро қабул карданд, ки барои воридоти аккумулятор пули “утилизатсия” ситонида мешавад
Нокомии ҷудокорони тоҷик дар “Tokyo Grand Slam 2025”. Онҳо аз Ҷопон бемедал бармегарданд
КҲФ марги як зану шавҳар дар Рашт бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангиштро тасдиқ кард
Таъини ҷазо барои истеҳсоли “криптовалюта” бо истифода аз “барқи дуздӣ”
Марги як корманди пешини ҳукумати Исфара ҳамроҳи ҳамсар ва духтараш дар пайи заҳролудшавӣ
Дар Тоҷикистон чеҳраи нафақахӯронро шиносоӣ мекунанд
Муҳаммад Наимов баъди шикаст аз намояндаи Бразилия дар "UFC 323" чӣ қадар маблағ гирифт?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 37
Мақомот сӯхтор дар ҳудуди бозори “Корвон"-ро шарҳ доданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста