Душанбе. 23-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Муовини вазири тандурустии Тоҷикистон Соҳибназар Раҳмонов аз ба ҷои кори таъиншуда ҳозир нагаштани хатмкунандагони Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абӯали ибни Сино қаноатманд нест.

Ба қавли ӯ, дар се соли ахир танҳо 37 фоизи хатмкунандагон ба ҷои кори таъиншуда мувофиқи роҳхати донишгоҳ ҳозир шудаанд.

«Минбаъд миёни донишҷӯ, муассисаи тиббӣ ва донишгоҳ шартнома баста мешавад, то хатмкунанда ба ҷои кори таъиншуда ҳозир гардад», - гуфт ӯ.

Ҳамчунин С.Раҳмонов аз фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ низ изҳор норозигӣ намуда, иброз дошт, ки аз нисф зиёди корҳои илмӣ дар амал татбиқ карда намешаванд.