Душанбе. 23-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дар нишасти матбуотӣ муовини аввали Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии (КВДҲ) «Тоҷик Эйр» Фирӯз Ҳамроев изҳор дошт, ки а з натиҷаҳои шаш моҳи соли 2008 бармеояд, ки КВДҲ, «Тоҷик Эйр» ба афзоиши мусбӣ , болоравии н ишондодҳои асосӣ , беҳтар шудани сифати хизматрасонӣ ва самаранокии фаъолият ноил гардидааст.

Ба гуфтаи ӯ, д ар 6 моҳи соли ҷорӣ ҳамагӣ дар ҷумҳурӣ 650,1 ҳазор мусофир интиқол дода шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли 2007    127,9 фоиз зиёд мебошад.

Ӯ таъкид сохт, ки афзоиши ҳаҷми мусофиркашонӣ дар парвозҳои КВДҲ, «Точик Эйр» пеш аз ҳама ба истифодаи ҳавопаймоҳои сохти ғарбии Боинг - 757-200 , ҳамчунин баҳрабардории самараноки ҳавопаймоҳои Ту-154 марбут аст.

Мавсуф зикр кард, ки дар кишварҳои узви ИДМ барои кор кардан дар Боинг-757-200     4 ҳавонавард ва 27 роҳбаладон аз т айёрии назариявӣ гузаштанд. Барои ин намуди ҳавопаймо 27 нафар кормандони муҳандисиву техникӣ ва хизматрасонии фаврӣ омода карда шудаанд. Дар айни замон дар ИМА 2 экипажи КВДҲ, «Тоҷик ЭЙР»    бозомӯзӣ дорад ва 1 экипаж ба машқҳои парвозӣ омодагӣ мегирад. Оид ба тайёр кардани 16 ҳавонавард, 24 корманди техникӣ ва 2 роҳбалад дар ширкати чиноӣ шартнома баста шудааст. 2 экипаж барои кор кардан дар Боинг 737-200 комилан тайёр карда шуда ва ҳ оло мустақилона парвозҳоро анҷом медиҳад.

Ҳамчунин зикр гардид, ки аз 29-уми июл ш умораи парвозҳо ба хатсайри Душанбе-Теҳрон-Душанбе зиёд карда мешавад.