Душанбе. 24-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз 47 нафар омӯзгорони шаҳри Роғун ва ноҳияи Нуробод, ки курсҳои дусолаи бозомӯзии муаллимонро хатм карданд, соҳиби дипломи маълумоти миёнаи омӯзгорӣ мешаванд.

Аз Маркази идоракунии лоиҳаҳои соҳаи маориф ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки курсҳо бо ташаббуси вазорати маорифи ҷумҳурӣ барои такмили ихтисоси омӯзгороне, ки маълумоти тахассусӣ надоранд, созмон дода шудаанд.

Ёдрас мекунем, ки курсҳои мазкур ҷиҳати бозомӯзии муаллимони дорои маълумоти миёнаи умумӣ дар чаҳорчӯбаи татбиқи лоиҳаи таҷдиди соҳаи маориф ба таври сканҷишӣ дар панҷ шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ (Ваҳдат, Роғун, Восеъ, Файзобод ва Нуробод) ташкил карда шуданд ва имрӯз 23 нафар муаллимони ҷавони шаҳри Роғун ва 24 нафар омӯзгорони ноҳияи Нуробод соҳиби диплом мешаванд.

Мувофиқи маълумоти ахири Вазорати маорифи ҶТ, макотиби таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ ба беш аз 6 ҳазор нафар омӯзгор ниёз доранд.