Душанбе. 25-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Аз 1-уми июли соли равон маоши ҳадди ақал дар Тоҷикистон аз 20 сомонӣ ба 60 сомонӣ расид ва акнун аз он андоз аз даромад ва андози нафақа ситонида мешавад.

Аз Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, ки андоз аз як қисми маоши ҳадди ақал, яъне аз 35 сомонии он андози 8 фоизаи даромад ва андози 1 фоизаи нафақа супурда мешавад.

Ёдрас мекунем, ки дар Тоҷикистон аз маоши ҳадди ақал умуман андоз ситонида намешуд.