Душанбе. 25-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Бо қарори мақомоти иҷроияи ҳукумати шаҳри Кӯлоб майдони як гектар замин барои сохтмони тарзи ипотека ҷудо карда шуд.

Мири шаҳри Кӯлоб мегӯяд, ки иҷрои корҳои сохтмонии маҳаллаи аҳолинишини биноҳои истиқоматии баландошёнаро муассисаи «Кӯлобдеҳсохтмон» ба зимма гирифтааст.

Ба қавли мири шаҳр, мувофиқи пешбинии нақшаи генералӣ соли 2025 аҳолии шаҳри Кӯлоб ба 250 ҳазор нафар мерасад ва айни замон аллакай талабот ба манзили зист афзудааст. Аз ин рӯ мебояд аз тамоми имконот истифода намуд.

Мавсуф изҳор дошт, ки беш аз 3000 сокинони шаҳр оид ба ҷудо кардани қиътаи замин ба мақомот муроҷиат кардаанд ва айни замон ҳамаи корҳои омодагӣ барои ба гурӯҳи нахустин ҷудо кардани замин ҷиҳати бунёди манзили зист ба анҷом расидаанд.

Раиси шаҳри Кӯлоб таъкид сохт, ки имрӯз барои ҳама замин басанда нест ва санҷиш ҳам ошкор сохтааст, ки аксари бо ариза муроҷиаткардагон низ имконоти молиявии мустақилона сохтани манзили зистро надоранд.

«Онҳоро лозим аст ба сохтмони тарзи ипотека кор гиранд, зеро дар он пешниҳоди қарз барои пардохти арзиши манзили зист пешниҳод мегардад», - афзуд ӯ.