Душанбе. 25-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Фаррух Ҳамралиев дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки ҳукумати ҷумҳурӣ нақшаи таҷдиди сохтори чаҳор иншооти монополии бузурги давлатӣ - Ҷамъияти саҳомии (ҶС) «Тоҷиктелеком», ҶС «Телерадиоком», Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ва ҶС «Тоҷикхимпром»-ро тасдиқ кардааст.
«Пеш гирифтани раванди таҷдиди сохтор ташаббуси истисноии ҳукумати ҷумҳурӣ аст ва то соли 2009 таҷдиди давра ба давраи ширкати ҳавопаймоии ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шудааст, ки аз як корхонаи монополии
бузург он ба якчанд корхонаҳои ҷудогона тақсим шуда, ҷиҳати пешбурди фаъолият ин ниҳодҳо байни худ шартнома мебанданд», - изҳор дошт ӯ.
Ф. Ҳамралиев баён дошт, ки то ахири моҳи августи соли равон оинномаҳои муассисаҳои фаръии ширкати ҳавопаймоӣ дар ҳукумат мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар сурати тасдиқи онҳо фурудгоҳҳои шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрпғонтеппа ва Кӯлоб ба субъектҳои мустақили хоҷагидорӣ табдил меёбанд.
«Тибқи қарори ҳукумат ин субъектҳо ба ҷамъиятҳои саҳомӣ иваз мешаванд, ки барои сармоягузории хориҷӣ шароити мусоид фароҳам месозад, - идома дод Ф.Ҳамралиев. - Феълан мусофирон аз фаъолияти ғайриқаноатбахши ширкати ҳавопаймоӣ ва сатҳи хизматрасонӣ шикоят мекунанд ва мутмаинам, ки пас аз таҷдиди сохтор вазъ ба куллӣ дигаргун хоҳад гашт».
“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора
Иброҳим Раисӣ гуфт, агар Исроил дубора ба Эрон ҳамла кунад, ин кишварро ба хок яксон мекунад
Оғози “Ҳафтаи соҳибкории иҷтимоӣ” дар Тоҷикистон
Ғалабаи таърихӣ! Мунтахаби футзали Тоҷикистон бори аввал ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт
Ҷасади як ҷавонро аз Кӯли ҷавонон берун гирифтанд
“Болои сӯхта - намакоб”. Низоми раводид миёни Тоҷикистону Туркия садди роҳи табобати Умриузоқ шудааст
Интиқом барои интиқод? Толибон хонаи Зоҳири Ағбар ва Абдулрашид Дӯстумро дар Кобул тасарруф кардаанд
Рамазон Раҳимзода гуфт, баъзе ҷинояткорон дар Италия бо баҳонаи "гуреза" пинҳон шудаанд
Хонандагон аз шарикдарси тоҷикашон узр пурсиданд. Оғози таҳқиқи латукӯби хонандаи тоҷик аз сӯи Кумитаи тафтишот
Дар Исфара бар асари сел таҳхонаҳо ва иншооти ёрирасон зери об монданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста