Душанбе. 25-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) бо имзои пешниҳоду тавсияҳо ба рӯзнома ва таҳияи асноди ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ ба анҷом расид.

Дар нишасти матбуотӣ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ изҳор дошт, ки қарорҳои ҳамоиши Бишкек муваффақона иҷро мешаванд ва оид ба масоили байнулмилалӣ мавқеи ҷонибҳо ба ҳам наздик аст. Ӯ боварӣ изҳор намуд, ки Шартнома оид ба ҳамкориҳои дарозмуддат муваффақона амалӣ карда хоҳанд шуд.

Ба гуфтаи Ҳ.Зарифӣ, ҷонибҳо қарор додаанд, муносиботи ҳамкориро бо созмонҳои байнулмилалӣ вусъат бахшида, механизми шарикии созмонро зудтар татбиқ намоянд. Мавсуф зикр кард, ки СҲШ дар ҳамдастӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати таъмини амнияту субот дар Афғонистон фаъолона иштирок хоҳад кард.

Муовини вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Нурлан Ермекбоев таъкид сохт, ки дар СҲШ фазои ҳамкориву ҳусни тафоҳум ҳукмфармост.

Вазири корҳои хориҷии Чин Ян Тсзечин қайд кард, ки кишвараш   муносибот бо давлатҳои узви СҲШ-ро аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷӣ арзёбӣ мекунад.

Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Эднан Қаробоев изҳор дошт, ки дар ҷаласа масъалаи зарурати ҳамкорӣ дар истифодаи захоири маводи сӯзишвориву энергетикӣ ва амалисозии лоиҳаҳои нақлиётӣ муҳокима шуданд. Бо ташаббуси Қирғизистон масоили мушкилоти истифодаи обу нерӯи барқ ва инчунин тавсиаи иштироки кишварҳои нозир дар фаъолияти созмон низ матраҳ гардиданд.

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, ки дар чаҳорчӯбаи фаъолияти созмон тамриноти муштараки зиддитеррорӣ ва мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир   ва аслиҳаву муҳимот идома хоҳанд ёфт. Ба С.Лавров чунин суол доданд: «Оё Эрон ба узвияти СҲШ қабул карда мешавад?». Посух чунин буд: «Мо роҳу воситаҳои иштироки воқеъии кишварҳои нозирро дар лоиҳаҳои гуногуни СҲШ баррасӣ кардем».

Дар робита ба ин мавзӯъ котиби генералии СҲШ Болат Нургалиев изҳор дошт, ки аз ҷониби Эрон дархостнома ирсол шудааст, аммо дар муқаррароти созмон бобати дар фосилаи муайяни вақт муҳокима шудани чунин масъалаҳо ишораи мушаххас мавҷуд нест. «Эрон чун кишвари нозир метавонад дар тамоми навъ ва шаклҳои фаъолияти созмон иштирок кунад», - таъкид сохт ӯ.

Рӯзноманигорон оид ба баррасии мушкилоти нерӯи барқи Тоҷикистон суол доданд ва вазири корҳои хориҷии Чин ба он чунин посух дод, ки дар ҷаласа масъалаи мазкур муҳокима нагардидааст. «Ман имрӯз сафари расмии худро ба Тоҷикистон шурӯъ менамоям ва дар чаҳорчӯбаи он мо масоили муносиботи ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла масоили соҳаи энергетика ва иқтисодро низ баррасӣ хоҳем кард», - афзуд Ян Тсзечин.

Айни замон вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот доранд.