Хуҷанд. 26-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дар нимсолаи аввал беш аз 158 ҳазор нафар сокинони Суғд қаламрави вилоятро тарк карданд.

Аз Раёсати агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи вилояти Суғд ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки аксари қаламрави вилоятро тарккардагон барои кор ба хориҷи кишвар ба сафар баромаданд, вале миёни онҳо нафароне ҳам ҳастанд, ки ба таҳсил ё иҷрои вазифаҳои хидматӣ ба давлатҳои дигар рафтаанд.

«Дар байни ба хориҷа рафтагон 130 ҳазор нафарашон мардон ва беш аз 20 ҳазор нафарро занон ташкил медиҳанд, - идома дод манбаъ. - Зимни таҳлили равандҳои муҳоҷират ҳамчунин ошкор гашт, ки аз шумораи умумӣ беш аз 10 ҳазор нафари онҳо афроди ноболиғ ҳастанд».

Тибқи маълумоти кумитаи омори вилояти Суғд, дар шаш моҳи соли ҷорӣ музди миёнаи меҳнат дар минтақа 148,30 сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 38,9 дарсад афзудааст.