Душанбе. 26-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Б онки саҳомиву тиҷоратӣ ва саноатии таҷдид ва рушди «Тоҷпромбонк» то имрӯз ба соҳаи пахтакории вилояти Хатлон 6,2 млн. сомонӣ маблағгузорӣ кард.

Аз бонки мазкур хабар доданд, ки аз ин маблағ 4 млн. сомониро ҳукумати Тоҷикистон ихтисос дода, миқдори боқимонда маблағҳои бевоситаи худи бонк мебошанд.

Зикр гардид, ки бонк қарзҳоро ба хоҷагиҳои кишоварзии пахтакори вилояти Хатлон бо фоизи солонаи 18 дарсад ҷудо мекунад.

Маълумотнома: «Тоҷпромбонк» соли 1995 таъсис ёфта, айни замон дар қаламрави ҷумҳурӣ 17 шӯъба дорад.