Душанбе. 28-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Охири ҳамин моҳ дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар таҳти унвони «Вазъ, мушкилот ва роҳҳои такмили қонунгузории Тоҷикистон дар бораи соҳибкории хурду миёна» доир мегардад.

Аз Консорсиуми ҳуқуқшиносии Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки иштирокдорони мизи мудаввар масоили қонунгузории Тоҷикистонро дар соҳаи фаъолияти соҳибкории хурду миёна ва бахусус Қонуни ҶТ «Дар бораи соҳибкории хурду миёна»-ро мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.

Тибқи барномаи мизи мудаввар, иштирокдорони он нақшаи чорабиниҳои муштараки роҳандозии лоиҳаи қонун ва ҳайати аъзои гурӯҳ оид ба ҳамоҳангсозӣ ва амалисозии нақшаро тасдиқ мекунанд.

Мизи мудаввар аз ҷониби Консорсиуми ҳуқуқшиносии Тоҷикистон ва дастгирии Фонди Авросиёи Осиёи Марказӣ (ФЕТСА) ва ҳукумати Нидерланд созмон дода мешавад.