Душанбе. 28-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Санаи 1-уми августи соли равон дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд ҳайати мушовараи даҳуми муштараки Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистону Русия баргузор мешавад.

Аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар ҳайати мушовара масоили мубрами амалиёти муштараки воҳидҳои тафтишотии вазоратҳо дар ошкор сохтани ҷиноёти гурӯҳҳои муташаккили байнулмилалӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

«Ҳамзамон нақшаҳои фаъолияти минбаъдаи мақомот оид ба мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир, ошкор сохтану аз байн бурдани марказҳои интиқоли он ва нақшаи фаъолияти ҳайати мушовара барои соли 2009 муҳокима хоҳанд шуд, - иттилоъ дод манбаъ. - Интизор меравад, ки миёни мақомот як қатор санадҳои ҳамкорӣ ба тасвиб хоҳанд расид».