Конибодом. 28-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дар шаш моҳи соли равон иттифоқи «Тоҷикматлубот»-и вилояти Суғд ба хориҷи кишвар ба маблағи 523,8 ҳазор сомонӣ маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ содирот кард.

Сарвари ин иттифоқ Равшанбек Раҷабов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки воридоти маҳсулоти ниёзи аввалияи мардум ба вилоят 457, 7 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.  

Мавсуф изҳор дошт, ки 1462 муассисаи савдо, корхонаҳои саноатӣ ва кооперативии «Тоҷикматлубот»-и вилоят ба аҳолӣ ба маблағи 2 млн. 983 ҳазор сомонӣ маҳсулот фурӯхтанд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти кумитаи омори вилоят, дар ин давра содироти молу маҳсулот аз вилоят чашмрас нест. Барои намуна, дар шаш моҳи соли ҷорӣ содирот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳамагӣ ба миқдори 0,8 дарсад афзуда, воридот бошад, якбора 49,2 дарсадро ташкил додааст.