Душанбе. 28-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Муовини аввали сарвазири Тоҷикистон Асадулло Ғуломов дар мусоҳиба ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки иттилои рӯзномаи «Коммерсант»-и Русия дар бораи аз ҷониби Тоҷикистон ба ихтиёри Русия додани 75 дарсади саҳмияҳои НОБ-и «Роғун» асоси воқеӣ надорад.

Ба қавли муовини сарвазир, мактуб унвонии Русия дар ин хусус ирсол шудааст, вале на ба он мазмуне, ки рӯзномаи Русия онро дар таърихи 23-уми июл дар саҳфаи худ шарҳ додааст.

«Аз ин рӯ, зарур медонам, ки ба матни мактуб аз 26-уми июни соли 2006 истинод оварам. Дар нома бевосита чунин гуфта шудааст: «Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи Созишнома миёни ҳукумати Русия ва ҳукумати Тоҷикистонро дар бораи идомаи сохтмони нерӯгоҳи обию барқии (НОБ)   «Роғун» дар рӯдхонаи Вахш мавриди баррасӣ қарор дод. Мувофиқи мақсад мебуд, агар созишномаи мазкур бо дарназардошти омилҳои воқеияти имрӯза мавриди муҳокимаи муштарак қарор гирад». Воқеият бошад, чунин аст. Аввал, то имрӯз дар иншоот 40 дарсади корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидаанд. Бинобар он минбаъд зимни таҳиясозии санадҳо он бояд чун «идомаи сохтмони иншоот» ё «анҷоми сохтмони НОБ» номгузорӣ шавад. Ҳамаи корҳои амалишудаи иншоот моликияти истисноии давлати   Тоҷикистон маҳсуб мегардад. Дуввум, Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати таъсиси Консорсиуми байнулмилалии анҷоми сохтмони ин нерӯгоҳ тадбирҳо меандешанд ва ин консорсиум кушода буда, ҳамаи хоҳишмандон имкон доранд, ба он шомил шаванд. Дар доираи консорсиум Русия метавонад дар идомаи сохтмони нерӯгоҳ саҳм гирад. Дигар тарзи ба анҷом расонидани сохтмони ин иншоот мавҷуд нест», - таъкид сохт А.Ғуломов.

Ёдрас мекунем, ки санаи 23-уми июл дар рӯзномаи русиягии «Коммерсант» мақолае таҳти унвони «Вахш ба энергетикаи Русия ҷорӣ мешавад» (Вахш вливается в российскую энергетику) нашр шуд. Хабарнигорони ин рӯзнома Владимир Соловёв ва Екатерина Гришковетс бо истинод ба номаи муовини аввали сарвазири Тоҷикистон А.Ғуломов хабар дода буданд, ки Тоҷикистону Русия ҷиҳати таъсиси ширкати байнулмилалӣ барои сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» ва ба ихтиёри Русия додани 75 дарсади саҳмияҳои ин иншоот тавофуқ ҳосил карданд.