Душанбе. 29-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Коршиноси мустақили соҳаи иқтисод Рустам Ҷабборов бар ин назар аст, ки эълони мораторияи дусолаи санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна ба коҳиш ёфтани воридшавии ҳаҷми маблағҳои буҷетӣ аз андоз боис шуда метавонад.

«Тибқи маълумоти расмӣ, соли 2007 60 дарсади маблағҳои андози буҷети давлатӣ ба соҳаи соҳибкории хурду миёна рост меояд, - таъкид сохт ӯ. - Аз ин рӯ, шояд дар ду соли оянда воридшавии ин маблағҳо душвор гардад».

Иқтисодчӣ изҳор дошт, ки дар Қирғизистон чунин мораторий аз моҳи апрел то моҳи декабр эълон шудааст ва аллакай ҳукумати ин кишвар аз коҳиши воридшавии миқдори зиёди маблағҳо ба буҷети давлатӣ изҳори нигаронӣ намудааст.

«Мумкин аст дар натиҷаи ҷоришавии моратория инчунин ба бахши иҷтимоии буҷет, аз ҷумла соҳаи маориф, тандурустӣ ва молиягузории сохтмони иншооти бузурги гидроэнергетикӣ зарар расонида шавад», - гуфт мусоҳиб.

Коршинос зикр кард, ки бояд санади махсусе таҳия гардад, ки усули мушаххаси тарзи амалкарди мораторияро муайян созад. «Барои намуна, дар Қирғизистон чунин муқаррароте амал дорад, ки тибқи он соҳибкорони хурду миёнае, ки нақшаи андозро ба андозаи 30 дарсад зиёдтар ба иҷро мерасонанд, тафтиш карда намешаванд», - таъкид кард коршинос.

«Бинобар он мо бояд ҳаддеро муайян намоем, ки ҳам манфиати соҳибкор ҳимоя гардаду ҳам ӯ имкон надошта бошад, ки аз моратория сӯиистифода кунад», - баён дошт дар анҷом Р.Ҷабборов.