Душанбе. 1-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Дар таърихи 3-5 август дар Исломобод конфронси чаҳоруми иштирокчиёни лоиҳаи бозори нерӯи барқи Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ доир мегардад.
Аз ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» хабар доданд, ки иштирокчиёни лоиҳаи
CASAREM
(Покистон, Афғонистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон) ният доранд, лоҳаи сохтмони хати интиқоли барқи Осиёи Марказӣ-Осиёи Ҷанубӣ-1000 ва рушди минбаъдаи бозори энергетикии ин минтақаро
ба имзо расонанд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи ноябри соли гузашта дар Кобул Тоҷикистону Афғонистон ва Покистону Қирғизистон Ёддошти тафоҳуми таъсиси хатҳои интиқоли барқи миёни Осиёи Марказӣ ва Ҷанубиро ба имзо расониданд. Ёддошти мазкур сохтмони хати интиқоли барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Покистонро пешбинӣ мекунад.
Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон, дар Исломобод ҳамчунин бо ташаббуси Бонки рушди Осиё масъалаи созишномаи нерӯи барқи Тоҷикистонро харидорӣ намудани Афғонистон низ баррасӣ хоҳад шуд. Афғонистон хостори он аст, ки нерӯи барқро бо нархи 1 сент харидорӣ намояд, вале Тоҷикистон нархи онро 3,5 сент муқаррар кардааст.
Тибқи лоиҳаи харидории нерӯи барқи Тоҷикитон аз ҷониби Афғонистон сохтмони хати итиқоли барқи 220 кВ «Сангтӯда-1-Пули Хумрӣ» ба нақша гирифта шудааст, ки ҷиҳти бунёди он Бонки рушди Осиё тақрибан 22-23 миллион доллари амрикоӣ сарф карданист. Мувофиқи муқаррароти созишнома, сохтмони хати интиқоли барқ, ки
Паёмади бозгашти муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон чӣ хоҳад буд?
Дар Душанбе як навраси 13-сола аз ошёнаи 16-ум худро ба зер партофтааст
Дар Суғд аз қочоқи дорувории тиббӣ аз Қирғизистон пешгирӣ шуд
Ҳодисаҳои селфароӣ ва сангреза дар шимол ва ҷануби Тоҷикистон
Рухсатии Сулаймон аз беморхона пас аз сӯзандоруи нархаш беш аз 1 млн доллар
Қарзи андоз 74,6 млн сомонӣ зиёд шудааст. Кадом корхонаҳо аз андоз бештар қарздоранд?
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар 20 рӯз 62% иҷро шудааст. Шикоят аз шеваҳои нави даъват ҳанӯз ҳам ҳаст
“Масъалаи муҳим ва асосӣ”. Тоҷикистон Бонки ҷаҳониро ба маблағгузории “НБО Роғун” даъват кард
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як вакили дифоъ бо иттиҳоми қаллобӣ
Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба даври 1/4 финалии Ҷоми Осиё-2024 роҳ ёфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста