Душанбе. 1-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Муовини сармуҳандиси ширкати саҳомии холдинги кушодаи «Барқи тоҷик» Рашид Гулов изҳор дошт, ки бо дастгирии молиявии сармоягузоронги хориҷӣ то охири соли 2008 дар Тоҷикистон 12 нерӯҳои хурди обию барқӣ мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.

«8 лоиҳаи бунёди нерӯгоҳҳои хурди барқию обӣ аз ҷониби Фонди давлати Қувайт ба маблағи 11,4 миллион доллари амрикоӣ амалӣ мешаванд, ки 2,4 миллион доллари амрикоии он ҳиссаи Тоҷикистогн аст», - гуфт ӯ.

Мавсуф ҳамчунин зикр кард, ки бо дастгирии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид боз чаҳор лоиҳаи сохтмони чунин нерӯгоҳҳо амалӣ мегарданд.