Қӯрғонтеппа. 2-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Додситони шӯъбаи назорати умумии додситонии вилояти Хатлон Абдулмаҷид Содиқов дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки 250 нафар сохтмончиёни нерӯгоҳи обию барқии «Сангтӯда-1» дар бораи саривақт напардохтани музди меҳнат ба прокуратура муроҷиат карданд.

Ба қавли додситон, дар натиҷаи баргузории тафтишот маълум шуд, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сохтмони иншооти энергетикии Осиёи Миёна» (Среднеазиатский гидроэнергострой) ба коргарон аз пардохти музди меҳнат ба маблағи 1 миллиону 430 ҳазор сомонӣ қарздор шудааст.

«Тибқи нишондоди додситонӣ 28-уми июли соли равон қисме аз ин қарз ба маблағи 103 ҳазору 947 сомонӣ пардохта шуд ва раҳбарияти корхона ваъда доданд, ки дар моҳи август қарзи музди меҳнат пурра пардохта хоҳад шуд», - гуфт додситон.

Мавсуф таъкид сохт, ки овозаҳои танҳо ба коргарони рус пардохтани музди меҳнат асоси воқеӣ надоранд ва корхона аз коргарони рус низ дар пардохти музди меҳнат қарздор аст.