Душанбе. 2-август. ОИ «Азия-Плюс» - 31 июли соли 2008 дар ҷараёни боздиди расмии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ мулоқоти ӯ бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Маҳмуди Аҳмадинажод доир гардид.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои дуҷониба ва ҳамкории ду кишвар дар доираи созмони байналмилалӣ , инчунин вазъияти минтақа ва масъалаҳои амният мавриди баррасӣ қарор гирифтанд .

Ҳангоми сӯҳбат Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба роҳбарияти Тоҷикистон нисбати дастгириаш минатдории самимӣ изҳор дошта, тасдиқ кард, ки дар ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки 28 август дар Душанбе баргузор мегардад, ҳамчунин дар вохӯрии сарони Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон, ки баъди ҷаласаи Шӯрои сарони СҲШ ба нақша гирифта шудааст, иштирок хоҳад кард.

Ҳамрохон Зарифӣ оид ба тадбирҳое , ки роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими муносибатҳои дуҷониба меандешад , муфассал маълумот дода , инчунин пешомадҳои ҳамкориҳо сеҷонибаро бо иштироки давлати ҳамсоя Афғонистон махсус арзёбӣ намуд .

Дар рафти сӯҳбат роҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ҳамсӯҳбати худ ҳамфикрӣ иброз намуда, нисбати бисёр масъалаҳои матраҳшуда, аз ҷумла, ташкил кардани минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мароқ зоҳир кард.

Мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ доданд.