Душанбе. 4-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - То имрӯз дар Тоҷикистон 10 тавсияи истифодаи Меъёрҳои байнулмилалии ҳисоботи молиявӣ (МБҲМ)   ҷорӣ карда шуд.

Муовини вазири молияи Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки дар ин самт аслан вазорати молия, гурӯҳи кории таҳияи тавсияҳои дастурии назди Донишкадаи ҷамъиятии муҳосибон ва аудиторони касбии Тоҷикистон ва Шӯрои методӣ оид ба баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудити назди комиссияи ҳукуматии гузаштан ба МБҲМ кор мебаранд.

Ба қавли Ҷ.Нуралиев, дар тавсияҳо тарзи истифодаи МБҲМ дар баҳисобгирии муҳосибии амалиёти молиявӣ ва хоҷагӣ шарҳу тафсир дода шуда, ҳамчунин баргузории намунаҳои амалии чунин тарзи таҳияи ҳисобот ва пешбурди кор ба нақша гирифта шудааст. «То охири сол Шӯрои методӣ оид ба баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудити назди комиссияи ҳукуматӣ ният дорад боз 24 тавсияи тарзи истифодаи МБҲМ-ро пазируфта, онро ҷорӣ намояд», - гуфт муовини вазир.

Мавсуф зикр кард, ки пас аз гуфтушунидҳои тӯлонӣ бо Бонки таҷдид ва рушди Аврупо ва намояндагони Департаменти байнулмилалии рушди молиявии Бритониёи Кабир дар Тоҷикистон ба вазорати молия муяссар гардидааст, ки оид ба пешниҳоди кӯмаки техникӣ дар шакли таъмин намудан бо машваратчӣ аз ширкати консалтингии « Corporate Solutions Consulting Ltd » (Бритониёи Кабир) бо онҳо ба тавофуқ бирасад. Машваратчӣ дар кори ислоҳот ва ҷорисозии МБҲМ дар Тоҷикистон иштирок хоҳад кард.  

Ба иттилои муовини вазир муддати татбиқи тарҳ се солро дар бар мегирад. Ёдрас мекунем, ки Шӯрои методӣ оид ба баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудити назди комиссияи ҳукуматӣ ҷиҳати ҷорисозии МБҲМ ахири соли гузашта таъсис ёфта буд.