Душанбе. 4-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Раиси Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров чанде қабл аз Истанбул ба ватан баргашт.

Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» ӯ иттилоъ дод, ки ҳамроҳи намояндагони доираҳои коршиносони сиёсии Тоҷикистон онҳо дар конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Мушкилоти амният аз тундгароӣ ва ифротгароӣ», ки дар таърихи 28-29-уми июл доир гашт, иштирок кардаанд. Чорабинӣ дар Донишгоҳи илмҳои Истанбул баргузор шудааст.

Ба гуфтаи Р.Зойиров, дар масъалаи «тундгароӣ ва ифротгароии исломӣ» баҳси доманадоре сурат гирифтааст. «Коршиносони Аврупои Ғарбӣ дар бораи мафҳумҳои «тундгароӣ» ва «ифротгароӣ» танҳо тасаввуроти илмиву назариявӣ доранд, - гуфт ӯ. - Онҳо танҳо аз мавҷудияти чунин мушкилот моро мӯътақид месохтанд, вале ҳеҷ кадоме   ин мафҳумҳоро шарҳу тафсир дода наметавонист».

Ба таври дигар, мегӯяд ӯ, мутахассисони ғарб дар бораи «тундгароӣ ва ифротгароии исломӣ» танҳо тасаввурот доранду халос, ки он асоснок набуда, бозгӯи воқеият ҳам нест.