Душанбе. 4-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Се нафар шаҳрванди Ӯзбекистон, ки дар қаламрави кишварашон ба содир намудани ҷиноёт гумонбар дониста шудаанду марзи Тоҷикистонро ғайриқонунӣ убур намудаанд, ба мақомоти Ӯзбекистон супурда шуданд.

Иқдоми мазкур «далели нияти неки Тоҷикистон» номида шуда, дар мулоқоти 3-уми август доиргаштаи мақомоти марзбонии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон сурат гирифт. Шаҳрвандони Ӯзбекистон Анвар Менглиеви 26-сола, Файзиддин Рӯзиеви 21-сола ва Зариф Ҷӯраеви 20-сола дар таърихи 11-уми июл аз ҷониби марзбонони тоҷик дастгир шуда, бо дархости кишвари ҳамсоя ба онҳо бозпас гардонида шуданд.

Ба қавли яке аз боздоштшудагон А.Менглиев, онҳо сокинони ноҳияи Узуни вилояти Сурхондарё буда, бо асп тавассути маҳали кӯҳистони Боботоғ марзро убур намуда, мехостаанд, ки аз Турсунзода абрешим дастрас кунанд. Падари номбурда Давлат Менглиев низ фарзандашро дар посгоҳи назоратии сарҳадии «Бародарӣ» пешвоз гирифта изҳор доштааст, ки ҳақиқатан ҳам фарзандаш танҳо барои дастрасии абрешим ба Тоҷикистон рафтааст, вале дар роҳи бозгашт марзбонони ӯзбек сӯи онҳо тирпарронӣ мекунанд ва онҳо дар қаламрави Тоҷикистон паноҳ мебаранд. Падари Файзиддин Рӯзиев гуфт, ки пас аз ин онҳоро мақомоти Ӯзбекситон дар пайгарди қонунӣ эълон мекунанд.

  Тибқи баъзе маълумот ин се нафар аз ҷониби хадамоти махсуси Узбакистон дар даст доштан ба ҷиноёти дигар дар Узбакистон муттаҳам мешаванд, аммо ба ОИ «Азия-Плюс» тасдиқи ин иттилоот муяссар нагардид.

Иқдоми мазкур дар мулоқоти намояндагони Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо мақомоти Кумитаи ҳифзи сарҳади назди Хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон сурат гирифт. Дар мулоқот масоили ҳамкории хадамоти марзбонии кишварҳо баррасӣ шуданд.

Дар доираи мулоқот ҳамчунин вохӯрии рафиқонаи дастаҳои футболи мақомоти марзбонии кишварҳо таҳти шиори «Дӯстии бидуни марз» низ доир гардид, ки мусовӣ 2 бар 2 анҷом ёфт. Интизор меравад, ки ҷониби Ӯзбекистон ҳамтоҳои худро ба Ӯзбекистон низ ҷиҳати баргузории бозии ҷавобӣ даъват хоҳад кард.