Душанбе. 1-уми сентябр. - ОИ «Азия-Плюс» - Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон омӯзгорон ва толибилмонро бо оғози соли нави хониш табрик кард. Дар табрикоти ӯ, аз ҷумала омадааст: «Шогирдону дониш
ҷ
ӯ
ён, устодону ом
ӯ
згорони
м
ӯ
ҳтарам!
Шуморо ба муносибати фарорасии Соли нави таҳсил ва Р
ӯ
зи дониш самимона табрику муборакбод менамоям.
Дар ҳама давру замон илмом
ӯ
зию маърифатпарвар
ӣ
яке аз омилҳои тақдирсози миллату кишварҳо дониста шудаанд. Рушди соҳаи маориф кафолати боэътимоди пешрафт ва ояндаи дурахшони
ҷ
омеа аст.
Ҳукумати кишвар таълиму тарбияи насли бомаърифату соҳибилм ва мутахассисони баландихтисосро яке аз самтҳои асосии сиёсати и
ҷ
тимоии худ қарор дода,
ҷ
иҳати инкишофи соҳаи маориф пайваста к
ӯ
шиш менамояд.
Дар баробари таъмини пешрафти иқтисодиву и
ҷ
тимоии кишвар барои ба сатҳи талаботи замон баровардани соҳаи маориф, ислоҳоти он, гузаштан ба усулҳои муосири таълиму тарбия, таҳкими заминаҳои моддиву техникии таълимгоҳҳо тадбирҳои мушаххас амал
ӣ
карда мешаванд.
Бо ин мақсад маблағгузории соҳаи маориф тадри
ҷ
ан афзоиш ёфта, соли равон қариб 700 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Дар доираи татбиқи лоиҳаҳои инвеститсион
ӣ
танҳо дар якуним соли охир дар саросари кишварамон беш аз 230 муассисаи таълим
ӣ
бунёд ва таъмиру та
ҷ
дид карда шуданд, ки
маблағи умумии онҳо 250 миллион сомониро ташкил медиҳад. Дар ин муддат ҳамчунин қариб дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишварамон бо дастгирии молиявии шахсони саховатманд ва ташаббуси қувваи гур
ӯ
ҳҳои алоҳидаи аҳол
ӣ
даҳҳо муассисаҳои таълим
ӣ
ва синфхонаҳои иловаг
ӣ
сохта, ба истифода дода шудаанд, ки барои чунин иқдоми нек ба онҳо изҳори миннатдор
ӣ
менамоям.
Барои беҳбудии шароит ва вазъи муассисаҳои таълим
ӣ
Ҳукумати кишвар минбаъд низ тадбирҳои зарур
ӣ
меандешад. Дар айни ҳол аз ҳисоби бу
ҷ
ети давлат
ӣ
барои бо с
ӯ
зишвор
ӣ
таъмин кардани тамоми муассисаҳои таъиноти и
ҷ
тимо
ӣ
, аз
ҷ
умла маориф, тандуруст
ӣ
ва ҳифзи и
ҷ
тимо
ӣ
маблағҳои зарур
ӣ
ҷ
удо карда шудаанд. Вобаста ба ин, вазоратҳои маориф, энергетика ва саноат, инчунин мақомоти и
ҷ
роияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияи кишвар вазифадоранд, ки то фаро расидани фасли сармо ҳамаи мактабҳои миёнаву ол
ӣ
ва беморхонаву табобатгоҳҳоро бо ангишт ва ҳезум пурра таъмин намоянд.
Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки Ҳукумати кишвар ба он тава
ҷҷ
ӯ
ҳи хоса дорад, ин баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар кулли муассисаҳои соҳа мебошад.
Бояд гуфт, ки дар нати
ҷ
аи ислоҳот солҳои охир дар соҳаи маориф дигаргуниҳои мусб
ӣ
ба вуқ
ӯ
ъ пайвастанд. Ҳамаи дастовардҳое, ки дар ин самт мо ноил гардидем, аз файзу баракати истиқлолияти кишвари азизамон мебошад, ки мову шумо ҳоло дар арафаи та
ҷ
лили 17-умин солгарди он қарор дорем.
Вале дар шароити ҳозираи пешрафти босуръати илму техника ва технологияи навин ин муваффақиятҳо ҳан
ӯ
з қонеъкунанда нестанд.
Агар мо хоҳем, ки ҳамқадами замон бошем, бояд насли
ҷ
авонро дар р
ӯ
ҳияи ватанд
ӯ
стиву ватанпараст
ӣ
, худшиносиву худогоҳии милл
ӣ
тарбия намуда, онҳоро бештар ба донишанд
ӯ
з
ӣ
, ом
ӯ
зиши фанҳои дақиқ, забонҳои хори
ҷ
ӣ
ва илму техникаи муосир раҳнамо
ӣ
намоем.
Вобаста ба татбиқи самарабахши барномаву консепсияҳои дар ин самт қабулгардида аз Вазорати маориф, роҳбарону ом
ӯ
згорони муассисаҳои таълим
ӣ
ба нақша гирифтану амал
ӣ
гардонидани тадбирҳои зиёди мушаххас тақозо мегардад.
Дар айни ҳол рисолати шумо – насли
ҷ
авони кишвар, иштироки фаъолона дар машғулиятҳо, хондан, ом
ӯ
зиши илму дониш ва касбу ҳунар аст. Зеро ояндаи давлати соҳибистиқлоли То
ҷ
икистон ва миллати тамаддунофари мо дар дасти шумост.
Итминони комил дорам, ки ҳар яки шумо, бо истифода аз шароитҳои фароҳамовардаи давлат хуб таҳсил карда, барои соҳибмаърифату соҳибкасб шудан азму талош менамоед. Мо аз шумо - устодони гиром
ӣ
, умедворем, ки барои ба сатҳи сифатан нав баровардани таълиму тарбияи наврасон ва дониш
ҷ
ӯ
ён маҳорату малакаи хешро дареғ нахоҳед дошт.
Дар охир ҳамаи шуморо бори дигар ба ифтихори Р
ӯ
зи дониш ва оғози соли таҳсили нав табрику таҳният гуфта, ба ҳамаатон тансиҳат
ӣ
, хонаобод
ӣ
, бахту иқбол орзумандам». Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.



Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Зукоми “ҳонконгӣ”. Вазорати тандурустӣ гуфт, ин беморӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст, аммо ҷойи нигаронӣ нест
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста