Душанбе. 15-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Шӯрои мудирони Бонки рушди Осиё ҷудо кардани бурс дар ҳаҷми 5 млн. доллари ИМА-ро ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ ҷиҳати ҳалли масоили тағйири иқлим ба минтақа маъқул шуморид.

            Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии БРО дар Тоҷикистон хабар доданд, кӯмаки мазкур ба таҳияи сиёсати мутобиқгардонӣ ба тағйирёбии иқлим ва фароҳам сохтани имконоту дастгирии сармоягузорӣ ба он равона мегардад.

            Коршиноси департаменти ҳифзи муҳити зисти БРО оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ Марк Кунзер мегӯяд, ки тағйирёбии иқлими сайёра ба коҳиши ҳосилнокии маҳсулоти кишоврзӣ боис гардида, майдони пиряхҳо кам мешаванд ва умуман дар низоми экологии минтақа тағйирот ба вуқӯъ хоҳад пайваст. «Аз ин рӯ, баҳри пешгирии хавфи обхезӣ, тӯфон ва дигар офатҳои табиӣ ба минтақа сармоягузории таъҷилӣ зарур аст», - гуфт ӯ.