Душанбе. 16-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде пештар агрегати чаҳорум ва охирини нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ба истеҳсоли барқ шурӯъ кард.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҶСК «Нерӯгоҳи Сангтӯда-1» иттилоъ доданд, мавриди истифода қарор гирифтани агрегати чаҳорум ҳанӯз маънои онро надорад, ки сохтмони иншоот комилан анҷом ёфтааст.

Бино ба иттилои манбаъ, пурра ба истифода додани иншоот бунёди зерсохтори зарурӣ - ободонии гирду атрофи нерӯгоҳ, обанбор ва шаҳраки энергетикҳоро дар назар дорад. Интизор меравад, ки моҳи август пас аз пур кардани обанбор бо миқдори зарурии об нерӯгоҳ бо иқтидори пурра фаъолият мекунад.

Дар маросими ботантанаи пурра ба истифода додани нерӯгоҳ иштироки сарони кишварҳои Русияву Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

Тибқи маълумоти сарчашма, то рӯзи 13-уми сентябри соли ҷорӣ 3 агрегати нерӯгоҳ тақрибан 1,5 млрд кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол кардаанд.

Маълумотнома: Нерӯгоҳи «Сангтӯда-1», ки дар минтақаи ҷанубу шарқии Тоҷикистон воқеъ аст, лоиҳаи муштараки Тоҷикистону Русия маҳсуб гардида, иқтидори чаҳор агрегати он ба 670 МВт баробар аст. Моҳи январи соли 2008 агрегати аввал, 1-уми июл агрегати дуввум ва 6-уми ноябр агрегати саввуми он пеш аз мӯҳлат ба истифода дода шуд. Мувофиқи созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия 75%-и саҳмияҳои нерӯгоҳ ба Русия ва 25%-и он ба Тоҷикистон тааллуқ доранд.