Душанбе. 18-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Дар чаҳорчӯбаи баргузории Ҳафтаи ҷавонон дар ҷумҳурӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонон Рӯзи дави миллӣ баргузор шуда, дар он ҳудуди 200 ҳазор нафар сокинони кишвар иштирок карданд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов иттилоъ дод, дар доираи Ҳафтаи ҷавонон инчунин як қатор чорабиниҳои дигар, аз ҷумла баҳри дарёфти Ҷоми мақомоти шаҳрдории пойтахт мусобиқоти футбол миёни кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳр ва корхонаву муассисаҳо низ доир мегардад. Ҳамзамон миёни рассомон таҳти унвони «Манзараҳои пойтахти ман» баргузории озмун ва ба муносибаи Соли бузургдошти Имоми Аъзам созмон додани конфронси илмиву амалӣ дар назар аст.
Ш.Саидов изҳор дошт, ки бевосита дар доираи таҷлили ҷашни Рӯзи ҷавонон дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони пойтахт муқобили маводи нашъаовар ва паҳншавии бемории ВИЧ/СПИД» чорабинии таблиғотии умумишаҳрӣ гузаронида шуда, ҳамчунин дар байни хонандагони синфҳои болоии макотиби шаҳр озмуни иншои беҳтарин дар ин мавзӯъ низ барпо мешавад.
Ёдрас мекунем, ки Рӯзи ҷавон дар ҷумҳурӣ шурӯъ аз соли 1998 таҷлил мегардад.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста