Душанбе. 18-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз ба таъсиси ширкати хусусии суғуртавии «Orien Insurance»   панҷ сол пур шуд.

            Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сарвари ширкат Искандар Шарипов иттилоъ дод, дар муддати кӯтоҳ ба ширкат муясаар шудааст, ки миёни 13 ширкати суғуртавии хусусӣ ва давлатӣ мавқеи пешсафиро соҳиб гардад. «Айни замон ширкат 11 намуди ихтиёрии суғуртакунӣ барои аҳолӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷиро амалӣ сохта, сармояи оинномавиаш ба 3,3 млн. сомонӣ, захираҳои суғуртавӣ ба 15 млн. сомонӣ ва маблағи умумии ҷамъовардааш дар соли 2008 ба 36 млн. сомонӣ баробар аст», - гуфт ӯ.

            Номбурда дар мавриди мушкилоти ҷойдоштаи ширкат гуфт, заминаи қонунгузории ҷумҳурӣ оид ба суғурта ҳанӯз заъиф аст, зеро бозори суғуртаи ҷумҳурӣ то ҳанӯз тибқи муқаррароти қонунгузории соли 1994 амал мекунад. «Пас аз қабули Кодекси шаҳрвандии ҶТ дар соли 2000 вазъи тиҷорати хусусии суғуртавӣ бояд дигаргун мегардид, вале то ин дам дар ин самт тағйироте ба назар намерасад», - афзуд И.Шарипов.