Душанбе. 18-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз намояндагони палатаи болоии парулмони ҷумҳурӣ Қонуни ҶТ «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи мақоми пойтахт»-ро маъқул шумориданд, ки тибқи он, аз ин ба баъд нигаҳдории чорвои хонагӣ ва мурғ (ба ҷуз булбул, тӯтӣ, бедона ва ғ.) дар қаламрави шаҳри Душанбе манъ карда мешавад.
Аъзои ММ МО ҶТ Маҳкам Маҳмудов изҳор дошт, ки ибтикори мазкур ба ҷавобгӯ будани пойтахт ба талаботи санитарӣ ва эпидемиологӣ равона гардидааст. «Минбаъд ҷойи нигаҳдории чорво барои хариду фурӯш дар шаҳри Душанбе бо мақомоти иҷроияи маҳаллӣ мувофиқа карда мешавад», - гуфт ӯ.
Зимни суханронии худ раиси палатаи болоии парлумони кишвар, раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдулллоев гуфт, пойтахти як кишваре ҷойи парвариши чорво буда наметавонад. «Тайи чанд соли ахир миқдори саршумори чорвои хонагии шаҳри Душанбе аз баъзе ноҳияҳои пешқадами кишоварзӣ зиёдтар шудааст», - афзуд раиси пойтахт.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста