Душанбе. 19-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Қарзи Тоҷикистон аз воридоти гази Ӯзбекистон ба 14 млн. $ расид.
Чӣ тавре ки муовини раиси КВД «Тоҷиктрансгаз» Шавкат Шоимов ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ дод, бинобар зиёд будани миқдори қарз, феълан Ӯзбекистон дар як шабонарӯз ба ҷумҳурӣ дар ҳаҷми танҳо 380-400 ҳазор метри мукааб газ интиқол медиҳад ва ин дар ҳолест, ки тибқи созишномаи аввали сол ба имзорасида, ҳамарӯза бояд то 1 млн. 500 ҳазор метри мукааб газ интиқол дода шавад. «Тибқи созишнома, соли равон ба ҷумҳурӣ бо арзиши 240 $ барои ҳазор метри мукааб бояд ҳудуди 550 млн. метри мукааб газ ворид карда шавад», - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Ш.Шоимов, феълан аз истифодаи гази табиӣ дар назди КВД «Тоҷиктрансгаз» ШСХК «Барқи тоҷик» - 33 млн. сомонӣ (ҳудуди 7,8 млн. $), ҶСП «Сомонсуғдгаз» - 11,7 млн. сомонӣ, КВД «Тоҷиксемент» - 4,3 млн. сомонӣ ва КМ «Тоҷиказот» - 140 ҳазор сомонӣ қарздоранд.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста