Душанбе. 19-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Сарфи назар аз беқурбшавии сомонӣ, алҳол арзиши маводи авввалияи ғизоӣ дар пойтахт дар муқоиса бо моҳҳои авали соли ҷорӣ бетағйир боқӣ мемонад.
То ҳанӯз чун моҳи январ дар бозорҳои шаҳри Душанбе арзиши як кило гӯшт 17-18 сомонӣ, картошка - 1,4 сомонӣ, пиёз – 1,5 сомонӣ, сабзӣ - 1 сомонӣ, макарон аз 3 то 8 сомонӣ, биринҷ – аз 6 то 10 сомонӣ ва як дона тухм 50-60 дирамро ташкил медиҳад.
Дар муқоиса бо аввали сол нархи равғани пахта ва шакар 1 сомонӣ афзуда, акнун мутаносибан ба 6 сомонӣ ва 3,5 сомонӣ баробар аст. Дар ин давра нархи орд ва равғани растанӣ поин рафта, агар дар оғози сол арзиши як халта орд ба 100 сомонӣ баробар буд, пас феълан онро метавон бо 90 сомонӣ дастрас намуд. Равғани растанӣ, ки дар оғози сол аз 8 то 11 сомонӣ барои як литр арзиш дошт, имрӯз 6-9 сомонӣ аст.
Дар ҳамин ҳол, беқурбшавии асъори миллӣ нисбат ба доллари ИМА идома дошта, дар муқоиса бо аввали соли ҷорӣ он ба андозаи 23,2 дарсад коҳиш ёфтааст. Агар дар аввали сол Бонки миллии Тоҷикистон барои 1 доллари ИМА 3,40 сомонӣ пешниҳод мекард, пас имрӯз он ба 4,19 сомонӣ баробар шудааст.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста