Душанбе. 19-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - ҶСК «Ширкати ҳавопаймоии «ЮТэйр» аз шаҳри Нижневартовск ба Хуҷанд хатсайри ҳавоӣ боз мекунад.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти ширкат, дар доираи чорабиниҳо ба мавсими баҳору тобистони соли равон шурӯъ аз 1-уми июн ширкат ба яке аз шаҳрҳҳои Тоҷикистон – Хуҷанд ифтитоҳи хатсайри ҳавоиро ба нақша гирифтааст.

Зикр мегардад, ки парвози тайёраҳо тавассути хатсайри ҳавоии Хуҷанд-Нижневартовск-Хуҷанд ду маротиба дар як моҳ анҷом дода мешавад.