Душанбе. 19-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Айни замон тарҳи фанниву иқтисодии нерӯгоҳи обиву барқии «Нуробод-1» ва маркази нави барқу гармидиҳӣ дар шаҳри Душанбе, ки аз ҷониби ширкати чиноии «Electric Apparatus» (ТВЕА) бунёд мегардад, дар Вазорати энергетика ва саноати ҶТ мавриди баррасӣ қарор дорад.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» за Вазорати энергетика ва саноати ҶТ иттилоъ доданд, дар сурати маъқул шуморида шудани тарҳҳо, он ҷиҳати тасдиқ ба ҳукумат ирсол мегардад.

Бино ба иттилои манбаъ, ба ивази амалисозии тарҳҳои мазкур ба ширкати чиноӣ ҷиҳати фаъолият дар яке аз конҳои канданиҳои фоиданоки кишвар иҷозатнома дода мешавад ва феълан ба ширкат барои интихоб як қатор конҳо пешниҳод шудаанд.