Душанбе. 19-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Соли равон баҳри таъмини хоҷагиҳои пахтакори кишвар бо воситаҳои қарзӣ, Вазорати молияи ҶТ бо шаш бонки кишвар ба маблағи умумии 165 млн. сомонӣ созишномаи қарзӣ ба имзо расонид. Ёдовар мешавем, соли ҷорӣ ҳукумат барои бо қарз таъмин сохтани хоҷагиҳои пахтакор аз буҷа ихтисос додани 180 млн. сомониро пешбинӣ кардааст.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» муовини вазири молияи ҶТ Ҷамолиддин Нуралиев иттилоъ дод, бо ин мақсад то имрӯз ба бонкҳо 103 млн. сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст. «Ҳамин тариқ, аз 50 млн. сомонии пешбинишуда ба «Ориёнбонк»– 40 млн.; аз 35 млн. сомонӣ ба «Амонатбонк» - 14 млн.; аз 10 млн. сомонӣ ба «Бонки рушди Тоҷикистон» - 10 млн. сомонӣ; аз 10 млн. ба «Тоҷиксодиротбонк» - 7 млн. сомонӣ; аз 50 млн. ба «Агроинвестбонк» - 25 млн. сомонӣ ва аз 10 млн. ба «Тоҷпромбонк» - 7 млн. сомонӣ маблағ ихтисос дода шуд», - гуфт ӯ.
Ба гуфти Ҷ.Нуралиев, маблағи боқимонда моҳҳои май-июн ва август-сентябр тибқи бандҳои созишнома ва дархости бонкҳо дар мӯҳлатҳои муайян ҷудо карда мешаванд. Муовини вазири молия таъкид сохт, ки бонкҳо бо салоҳдиди худ ва бидуни дахолати мақомоти иҷроияи маҳалли ҳокимияти давлатӣ маблағи қарзро ба хоҷагиҳое хоҳанд дод, ки минбаъд аз ӯҳдаи пардохти он баромада тавонанд.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста